Лӯъбат Бурҳонова барои марги писараш 334 950 сомонӣ товон мехоҳад

Лӯъбат Бурҳонова
Лӯъбат Бурҳонова, гӯяндаи собиқи телевизиони Тоҷикистон баъди 7 соли марги фарзандаш аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 334 950 сомонӣ ҷуброн талаб кардааст.
Лӯъбат Бурҳонова , гӯяндаи собиқи телевизиони давлатии Тоҷикистон бо ироаи арзиаи даъвои ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия 334 950 сомонӣ товон хостааст. Писари ягонаи Лӯъбат Бурҳонова – Дилшодбек Муродов дар соли 2009 дар зиндон вафот карда буд.
Шоира Давлатова, раҳбари “Маркази мустақили ҳуқуқи башар” рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даъвои онҳо расман рӯзи 14 м,арт ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ супурда шуд. Ба гуфтаи ӯ, "334 950 сомонӣ маблағи ҷуброне, ки Лӯъбат Бурҳонова барои марги фарзанди ягонааш мехоҳад, бар асоси ҳаҷми зиёни равониву ҷисмониест, ки равоншиноси мустақил ташхис кардааст."  
Дар муҳосибаи ҳаҷми ниҳоии товоне, ки Лӯъбат Бурҳонова мехоҳад, аз даст додани ягона саробони хонаводаи ӯ ва харҷи табобати ин занро ҳам ба назар гирифтаанд. Равоншинос дар хулосааш навиштааст, ки ба модари Дилшодбек Муродов осеби равонии хеле баланд расонда шуд ва ӯ ба табобати тӯлонӣ ниёз дорад. 
Аз ҷониби ҷабрдида дар ин қазия Абдураҳмон Шарипов намояндагӣ мекунад.
Гуфта мешавад, Дилшодбек Муродов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси №3/1 адои ҳукм мекард. Дар моҳи августи соли 2009 Дилшодбек Муродов бо осори латукӯб дар баданаш ва дар ҳолати мадҳушӣ ба қисми тиббии ин маҳбас оварда шуд. Вале ӯ дигар ба ҳуш наомада, фавтид.
Додситонӣ дар қиболи марги ин маҳбус бар асоси қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (қасдан расондани зарар ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст) парвандаи ҷиноӣ кушода буд, вале бо вуҷуди шикоятҳои мукаррари Лӯъбат Бурҳонова, то ҳол касе бо ҷурми марги писари ӯ маҳкум нашудааст.
Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлия ҳанӯз ин даъвои навбатӣ алайҳи ин ниҳоди масъули боздоштгоҳҳову зиндонҳои Тоҷикистонро шарҳ надодааст. Вале ин нахустин даъвои хешовандони маҳбусони ба таври мармуз дар боздошт ё зиндон фавтида алайҳи мақомоти интизомии ин кишвар нест.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд.
Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.
Наздикони Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба таври мармуз фавтид, низ баъди марги ӯ аз сарраёсати зиндонҳо ва вазорати адлия 10 миллион доллар талаби ҷуброн карданд, вале додгоҳ даъвои онҳоро рад кард.
Шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону гумонбарон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон мавзӯест, ки дар гузоришҳои созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар ҳамеша мояи интиқодҳо аз Душанбе мешавад. Дар соли 2012 ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин мавридҳо дар кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсуси шиканҷа низ шомил карда шуд, вале то кунун бар асоси он танҳо як нозири милиса аз ноҳияи Ёвон ҳукми зиндон гирифтааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари ҳолатҳо дар Тоҷикистон маъмурони муттаҳам ба бадрафторӣ нисбат ба маҳбусон бо банди “берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ”, ки ҷазояш сабуктар аст, ба масъулият кашонда мешаванд.
Ozodi