Маҳбусон аз дастнорасии матбуот шикоят мекунанд

Маҳбусон аз дастнорасии матбуот шикоят мекунанд

Наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт мегӯянд, масъулини маҳбас иҷозати дастрас кардани нашрияҳоро ба маҳбусон намедиҳанд. 

Чанде аз наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки нахостанд номашон ифшо шавад, ба TojNews изҳори нигаронӣ карданд, ки ба онҳо иҷозати расонидани ҳафтаномаҳоро ба наздиконашон надодаанд.  

Ин дар ҳолест, ки аз аввали ҳафта дар маҳбасҳои Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат маҳбусон аз ҷорӣ шудани "реҷаи махсус" шикоят мекунанд. Бино ба гуфтаи онҳо, ҳатто масъулини маҳбас дигар наметавонанд бо телефонҳои мобилӣ, ки имконияти техникии сабти садо ва навори видеоиро дорад, вориди муассиса шаванд. 

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, шикояти наздикони маҳбусон асоси воқеӣ надорад.

- Мо ҳуқуқи маҳдуд кардани дастрасии маҳбусонро ба матбуот надорем, касе дар муассисаҳои ислоҳӣ ин корро накардааст. Агар ин гуна ҳодисаҳо бошанд, наздикони маҳбусон бояд ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ муроҷиат кунанд,- гуфт манбаъ.  

Ёдрас мекунем, ки Саидалӣ Казаков, маҳбусе, ки баъди 8 соли адои ҷазои ҷиноӣ 8-уми октябр ба озодӣ баромад, ба расонаҳо муроҷиат кард, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ маҳбусон мавриди шиканҷа қарор дода мешаванд.

Саидалӣ Казаков, ҳамчунин, сабаби марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-соларо, ки дар ҷаримагоҳи маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе моҳи гузашта ҳалок шуд, латукӯби роҳбари муассисаи мазкур номид.

Иззатулло Шарипов, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия Саидалӣ Казаковро ба қоидавайронкунии зиёд дар муассисаи ислоҳӣ айбдор карда, изҳороти ӯро бардурӯғ ва маҳсули тахайюли маҳбуси собиқ номид.

TojNews