Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ се тан сокинони ноҳияи Панҷро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равонаи зиндон кард.
Чӣ тавре ки ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон Рустам Давлатшоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, суд Шерхан Тағаев, Алиҷон Валиев ва Далер Зоҳидовро тибқи моддаи 200, қисми 3, банди «в,г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор дониста, Тағаевро ба муҳлати 9 сол, Валиевро 8,5 сол ва Зоҳидовро ба 8 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.
Дар маводи парванда қайд гардидааст, ки 30-юми апрели соли равон сокини ноҳияи Панҷ Шерхан Тағаев ҳангоми фурӯши 1 кг маводи мухаддири навъи «ҳашиш» аз тарафи кормандони Шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД ноҳияи Румӣ боздошт карда шуд. Баъдан аз рӯйи нишондодҳои ӯ ду сокини дигари ноҳияи Панҷ Алиҷон Валиев ва Далер Зоҳидов боздошт гардиданд.
Айбдоркунандаи давлатӣ Азизбек Қаршиев зимни суханрониаш дар баррасии додгоҳӣ гуфт, ки чи дар рафти тафтишоти пешакӣ ва чи дар ҷараёни мурофиаи судӣ гуноҳи ҳар се нафар судшавандаҳо пурра исботи худро ёфт. «Муфаттишон дар доираи қонун тамоми амалиёти лозимаи тафтишотиро гузарониданд ва он чизе, ки гӯё онҳоро мавриди латукӯб қарор дода бошанд, асоси воқеӣ надорад. Хулосаи ташхиси судӣ-тиббие, ки тарафи ҳимоя мегӯяд, бар асоси он ҳолати латукӯб шудани судшавандаҳо асос дорад, нодуруст аст. Шояд онҳо то боздошташон латукӯб шуда, ҷароҳат бардошта бошанд», - гуфт прокурор. Ӯ дар ҷараёни мурофиа аз суд дархост карда буд, ки ҳар се нафар судшавандаҳо гунаҳкор ҳисобида шуда, ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум карда шаванд.
Дар ҳамин ҳол вакили мудофеъ Рустам Давлатшоев дар сӯҳбат бо «Азия-Плюс» ҳукми судро ноодилона хонд: «Мо нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба суди болоӣ шикоят хоҳем кард, зеро ин ҳукм дар нисбати ҳимояшавандаам Далер Зоҳидов ноодилона аст. Дар рафти тафтишоти судӣ гуноҳи зерҳимояи ман тасдиқи худро наёфт. Тафтишоти пешакӣ ягон далелро пешниҳод накардааст, ки айбдории ӯро тасдиқ созад. Тафтишот як баёноти худиқрории маҳкумшудагонро асос дониста, парвандаро ба суд ирсол кардааст, ки ин мувофиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ ғайриқонунист. Баёноти худиқрорӣ наметавонад асос барои гунаҳкор донистани шахс бошад, агар айбдории ӯ бо дигар далелҳо исбот карда нашавад. Тафтишоти парвандаи номбурда бо вайрон намудани КМҶ ба анҷом расонида шудааст. Баёноти худиқрории маҳкумшудагон бо роҳи латукӯб ва шиканҷа гирифта шудааст. Хулосаи ташхиси судӣ-тиббие, ки дар парванда омадааст, далели мавриди шиканҷа қарор гирфтани зерҳимояи ман аст. Дар он зикр шудааст, ки нишонаҳои латукӯб дар бадани Далер Зоҳидов мушоҳида мешавад. Мувофиқи ин хулоса, муҳлати пайдоиши ин захмҳо ба рӯзи боздошти Далер рост меояд», - илова кард адвокат.
Ҷобир Зоҳидов, падари Далер мегӯяд, рӯзи 30-юми апрел фарзандашро боздошт карда, ба ШВКД-и ноҳияи Панҷ бурданд. «Баъд аз чанд лаҳзаи дохили бино бурдани писарам овози доду фарёди ӯ ба хубӣ шунида мешуд ва маълум буд, ки ӯро мавриди латукӯб қарор дода истодаанд. Ман дигар чӣ кор карданамро надониста, ба ҳама тараф давидам. Назди навбатдори ШВКД рафтам. Онҳо ба ман мегуфтанд, ки кормандони дигар шӯъба ҳастанду ба касе иҷозаи даромадан намедиҳанд. Милисаҳо баёноти писари маро бо истифода аз латукӯб ва азобу шиканҷа гирифтаанд», - нақл кард падари маҳкумшуда.
«Дар рафти мурофиаи судӣ Далер рӯйрост гуфт, ки вақте латукӯб мекарданд, аз онҳо хоҳиш кардам, ҳар чизеро гӯед, имзо мекунам, фақат ба сарам назанед, ки нав табобат гирифтаам ва сарам дардманд аст», - илова кард Зоҳидов.
Ҳамзамон ҳимоятгар Рустам Давлатшоев мегӯяд, суд ин парвандаро ҳадди ақал бояд ба тафтишоти иловагӣ мегардонд. «Мутаассифона, суд ваҷҳои овардаи моро ба назар нагирифт. Бубинед, ки кормандони фаврӣ барои ин амалиёт маблағҳоро бо асъори доллари амрикоӣ аз буҷаи давлат гирифта, мавриди истифода қарор додаанд. Вале ин маблағ куҷо ғайб зад, на кормандони фаврӣ ва на муфаттишон барои муайян кардани он ягон ҳаракати тафтишотӣ нагузаронданд. Автомашинае, ки ба воситаи он маводи мухаддир аз Панҷ ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ интиқол гардидааст, пайдо ва пурсида нашудааст. Дар ин маврид низ муфаттиш ягон ҳаракати тафтишотие ба анҷом нарасондааст. Ҳатто вазни маводи мухаддире, ки гӯё аз Шерхан Тағаев мусодира шудааст, дақиқ нест. Дар як ҷой 1 киллограм ва дар ҷойи дигар 1 киллограму 20 грам гуфта мешавад», - гуфт ҳимоятгар.
Ба гуфтаи ӯ, муфаттиши ШВКД-и ноҳияи Румӣ умуман ҳуқуқи ба истеҳсолоташ гирифтани ин парвандаро надошт, зеро тарафи манфиатдор маҳсуб мешуд. Дар ин парванда гап дар сари шиканҷа ва ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони фаврӣ нисбат ба гумонбаршудаҳо меравад. «Тафтишоти ин парвандаро бояд прокуратура ба истеҳсолоташ мегирифт, аммо он яктарафа ба манфиати кормандони фаврӣ анҷом ёфт. Бубинед, ки дар рафти мурофиаи судӣ шахсони холис ҳатто гуфта натавонистанд, ки барои чӣ онҳоро ба ҷойи ҳодиса бурда, бо гумонбарон акс гирифтаанд. Аз ин хотир, ман ҳамчун адвокат аз прокуратураи генералӣ тақозо мекунам, то ин парвандаро барои омӯзиш талаб карда гирифта, нисбат ба кормандони оперативии ШВКД-и ноҳияи Румӣ чораҳои қонунӣ биандешад», - изҳор дошт Давлатшоев.