Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ки писари маҳбусашро дар зиндони шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ корд задаанд.
Ӯ мегӯяд, ки иттилоъи дақиқ гирифтааст, ки Сунатулло Ризоевро дар муассисаи ислоҳи ҷазои 3/3 шаҳри Хуҷанд беш аз даҳ корд задаанд, вазъи писараш вахим арзёбӣ мешавад. Ба Маҳмурод Одинаев имкон надодаанд, ки аз писараш дидан кунад.
Маҳмурод Одинаев бо пешниҳоди ариза ба унвонии шаҳрдории Душанбе хостааст, ки барои баргузор кардани пикет дар маркази шаҳр иҷозат диҳад. Ӯ ягона роҳи ҷалби таваҷҷӯҳ ба вазъи писарашро дар баргузор кардани пикет медонад.
Падари маҳбус Ризоев мегӯяд, ки бо Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон низ мулоқот карда, вазъро фаҳмондааст. Ҷаноби Ализода ваъда кардааст, ки барои дидани писараш мусоидат хоҳад кард.
Аммо дар дафтари ваколатдор воқеъият доштани ин хабарро рад мекунанд. Ҳусниддин Нидоев, муовини сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба TojNews гуфт, ки ин қазияро таҳқиқ кардаанд, исботи худро наёфт. Ва онро иғвое беш намедонад.
Дар ҳамин ҳол Диловар Арабов, сардори муассисаи ислоҳии 3/3-и шаҳри Хуҷанд ҳозир нашуд, ки телефонӣ сӯҳбат кунад.
Сунатулло Ризоев бо иттиҳоми авбошӣ барои 16 сол равонаи зиндон шуда буд. Исми ӯ ҳамроҳи Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин, фармондеҳи мухолифини пешин замоне расонаӣ шуд, ки дар паҳн кардани сабти наворҳои шиканҷа дар зиндон муттаҳам шуданд. Суди шаҳри Хуҷанд дар соли 2013 Тошевро 8 сол ва Ризоевро 9 сол барои пахши ахбори бардуруӯғ ва таҳрикомез аз озодӣ маҳрум кард. Бар иловаи ду соли боқимонда Ризоев бояд беш аз 11 сол дар зиндон боқӣ мемонд.
Дар ин миён падари Ризоев чандин бор талоши баргузор кардани намоишҳои эътирозӣ карда буд. Ҳамеша чунин иддаъо дошт, ки писараш зери шиканҷа қарор дорад.