Мақомот: Мирзоевро аз беэҳтиётӣ паррондаанд

Додситонии ҳарбии шаҳри Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбоз дар қисми нирӯҳои марзбонии минтақа шурӯъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири силоҳи ҳамхидматаш ҷон бохт. Санҷиши ҳодиса аз рӯи моддаи 387-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (вайронкунии қоидаҳои муносибат бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад) шурӯъ шуда, гумонбар ба ҳабс гирифта шудааст.​

Марг дар артиш як сол пеш аз хатми хидмат

Як манбаи Радиои Озодӣ дар нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми октябр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳарду сарбоз ҳам зодаи вилояти Суғд буда, қурбонӣ соли оянда ва гумонбар қарор буд дар наздиктарин фурсат аз хидмати артиш озод мешуданд. Исми сарбози муттаҳам феълан нашр намешавад. Дар сурати исбот шудани гуноҳи сарбоз дар додгоҳ, ба ӯ аз 2 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти парванда огоҳ аст, гуфт, ки ҳодиса соати ҳашти рӯзи 27-уми сентябр рух додааст. Ба қавли ӯ, "сарбози муттаҳам​ дар даст силоҳ доштааст. Ҳангоме ки Алӣ Мирзоев ба чӣ коре банд будааст, ӯ бо яроқ бозӣ мекунад ва ногаҳон тир холӣ мекунад. Он тир ба Алӣ Мирзоев мерасад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад." Фарзияи аввалияи мақомот ин аст, ки ҳодиса на барқасдона, балки аз беэҳтиётӣ сар задааст.

Сарбози фавтида сокини деҳаи Метки ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд будааст.

"Бо марги писар канор омадем"

Хонаводаи Алӣ Мирзоев мегӯянд, ки писарашон як сол пеш довталабона ба хидмат рафта буд. Онҳо як рӯз баъди фавти писарашон аз ин ҳодиса огоҳ шуда, ҷасадашро дафн кардаанд.

Мирзосолеҳ Мирзоев, падари Алӣ Мирзоев, рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба нақли масъулони қисми ҳарбӣ сарбозе тасодуфан ба сӯи писарашон тир холӣ кардааст. Мирзоев афзуд, шарҳи расмии мақомотро қабул карданд ва бо ин фоҷеа канор омаданд.

"Рӯзи 28-уми сентябр ҷасади писарамро ба мо оварда доданд. Гуфтанд, ки писарам дастгоҳи обкаширо дар дарёи Панҷ, дар Фархор, таъмир мекардааст. Як ҳамхидматаш силоҳро рост мекунам гуфтааст, ки тир холӣ шудааст. Чизе, ки масъулони қисми низомӣ гуфтанд, қабул кардем. Тир аз дилаш зада, аз пушташ баромада рафта будааст", - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Ин бори аввал нест, ки хабари кушта шудани сарбоз дар қисми ҳарбӣ расонаӣ мешавад. Моҳи июни имсол додгоҳи ҳарбии Хатлон Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

11 ҳолати марг дар артиш дар солҳои гузашта

Дар аксар хабарҳое, ки дар бораи маргу мири сарбозон дар артиш нашр мешавад, гоҳо мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артиши Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ки дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳо дар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.

Айни замон, фаъолони ҳуқуқи башар ва созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, ки солҳои охир бархӯрди мақомот ба шикоятҳо дар заминаи латту кӯбу азияти сарбозон дар артиш хеле ҷиддитар шуда, дар ин замина тадбирҳои ҷиддии ҷилавгирикунанда аз муносибати ғайриоинномавӣ миёни сарбозон гирифта мешаванд.

Ozodi