Маълумотномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Иҷрои бандҳои Нақшаи миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022»

(Матолиби иштирокчиёни семинар)

Дар доираи семинари омўзишие, ки рўзҳои 17-18-уми августи соли 2020 дар осоишгоҳи «Сатурн» (Ҳисор) баргузор гардид, ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд, то оид ба инъикоси масоили озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона матолиби иттилоотӣ омода намоянд.

Дар ин силсила ба таваҷҷуҳатон матолиби аз ҷониби иштирокчиёни семинар омодашударо пешкаш месозем.

Маълумотномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 оид ба иҷрои Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кудак барои солҳои 2018-2022

Вобаста ба иҷрои банди 8 Нақшаи мазкур дар назди  Кумита бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ”Шӯрои занони сулҳовар” ва ”Шӯрои соҳибкорзанон” таъсис дода шудааст, ки дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, мулоқоту вохуриҳо доир ба масоили занон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ҷалб карда мешаванд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумита дар ҳамкорӣ бо ташкилоти хайриявии ”Музаффар” кӯдакони хонаи №2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо айёдат намуд. Ба 75 нафар бошандагони хонаи кӯдакон маводҳои хурока, маҳлулҳои антисептикй, никобҳо, уребчаҳо (памперс) ва маводҳои безараргардонӣ тақсим карда шуданд.

Вобаста ба иҷрои банди 16.5. Нақшаи мазкур ва иҷрои банди 14 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак вобаста ба сохтмони бинои Маркази дастгирии ҷабрдидагони зӯроварӣ барои ноболиғон лоиҳаи сохтмони бино барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Ҷиҳати иҷрои банди 33.3 кумак ба ҳамаи қурбониён, аз ҷумла кумаки ҳуқуқию равонӣ инчунин, кумак бо муттаҳиддшавии оила, вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва кудакон дар Кумита аз 12 майи соли 2020 ”Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила” дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии ”Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон” дар самти боло бурдани сатҳи иттилоотнокии занон ва устувории оила дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон маслиҳатҳои равонӣ ва ҳуқуқии ройгон мерасонад.

Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва кӯдакон бахусус, дар давраи пандемияи бемории COVlD-19, Кумита дар ҳамкорӣ бо СММ-3анон варақаҳои иттилоотиро таҳти унвони ”COVlD-19 ва осебпазирии занон” бо теъдоди 3000 нусха ба чоп расонида, зимни вохӯриҳо дар маҳаллаҳои Варзоб-ГЭС, Сабзазор, Чашмасор, Проектная, Амиршоев, Заргар, Умари Хайём, Сари Осиё, Маҳмадулло Холов, Телман, Заҳматобод, Азизбеков, инчунин муассисаҳои таълимии №№11, 6, Литсеи барои кӯдакони болаёқати №3, муассисаҳои томактабии №№ 5, 121 ба ахолӣ тақсим намуд.

Вобаста ба расонидани кумакҳои равонию ҳуқуқӣ, пешгирии содиршавии кирдорҳои номатлуб, бахусус пешгирии омилҳои зуроварӣ дар оила, дар назди Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи МИМҲД вилояту шаҳру ноҳияҳо Марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо ҳуқуқшиносону равоншиносон ба шаҳрвандон маслиҳатҳои равонию ҳуқуқиро ба таври ройгон мерасонанд.

Инчунин, қайд намудан зарур аст, ки Кумита вобаста ба тадбирҳои таъмини вазъи эпидемиологи ҷиҳати пешгирии сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои Нақшаи мазкур муваққатан мавқуф гузошта, баргузории онҳоро дар нимсолаи дуюми соли 2020 ба нақша гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки корҳо дар бораи татбиҳи Нақшви миллии амалҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 тибқи нақшаҳои муштарак доимо дар мадди назари Кумита қарор дода мешавад.

Ширинова Б.Б. масъули сомонаи Кумитаи кор бо

занон ба оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имло ва мавқеи муаллиф ҳифз шудааст.

Матлаби мазкур дар доираи семинари  омўзишӣ барои рўзноманигорони ВАО-и давлатӣ ва мутахассисон оид ба робита бо ҷомеаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти давлатӣ дар мавзўи "Ҳамкорӣ ва такмили малакаҳо дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона" дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амал оид ба пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст ва "Пешбурди ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона" бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад омода гардидааст.