Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи сешанбе, 10-уми ноябри соли 2020, дар чор ноҳияи Душанбе маъракаи тарғибу ташвиқотии «COVID-19 ва ҳуқуқи инсон» дар доираи маъракаи 30-рӯза таҳти шиори «Ҳуқуқҳо! Шаъну шараф! Рушд!” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносон ва таҷрибаомӯзони ташкилотҳои аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Зафар Уроков ва Далер Хисомов бо тарзи ройгон машваратҳои инфиродии ҳуқуқӣ дода шуданд ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ (ВМШ) - ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва антисептикҳо тақсим карда шуданд.
Воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва машваратҳои ҳуқуқӣ ба роҳгузарони оддии синну соли гуногун - ҷавонону пиронсолон дода шуданд. Саволҳои шаҳрвандон, махсусан ба шуғл ва барасмиятдарории дурусти муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо, пардохтҳо ҳангоми корношоямӣ бинобар бемории COVID-19, масъалаҳои манзил марбут ба саҳмгузорӣ ба сохтмони нав ва барасмиятдарории гузариши ҳуқуқи моликият, дастрасӣ ба иттилоот ва мӯҳлати пешниҳод намудани посух ба муроҷиати шаҳрвандон ва ғ. алоқаманд буданд.
Маъракаи тарғибу ташвиқотӣ дар ҷойҳои серодами пойтахт - дар назди бозори “Варзоб” (ноҳияи И. Сомонӣ), дар назди маркази савдои “Садбарг” (ноҳияи Шоҳмансур), дар назди бозори “Яккачинор” (ноҳияи Фирдавсӣ) ва дар назди бозори “Зарафшон” (Ноҳияи Сино) - баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.