Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист.
То ба ҳол мақомоти расмӣ далели боздошт ва марги ӯро шарҳ надодаанд. Аммо хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бе ягон сабаб ба идораи милиса бурда шуд ва дар онҷо мавриди шиканҷа қарор гирифт.
Баъзе аз манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздошти Абдурасул Назаров дар асл ба чанд грамм маводи мухаддир рабт мегирад. Манобеъ рӯзи 30-юми март гуфтанд, Абдурасул Назаров ду рӯз пеш барои бозпурсӣ ба Шӯъбаи милисаи ноҳия Сино-2-и пойтахт бурда шудааст.“Қабл аз ин, яке аз пайвандони Абдурасул бо миқдори ками маводи мухаддир боздошт шуда буд. Вай иқрор кард, ки он миқдор маводро аз Абдурасул гирифтааст. Баъдан ӯро барои бозпурсӣ бурдаанд”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Манбаъ мегӯяд, дар пурсишҳои ибтидоӣ кормандони милиса гуфтаанд, зоҳиран Абдурасул Назаров замони боздошт маводи мухаддир истифода карда буд. “Онҳо гуфтанд, ҳангоми рӯбарӯкунӣ боздоштшуда эътироф кард, ки маводро аз Абдурасул Назаров гирифта буд. Ҳамон вақт дили ӯ аз кор монд”, - афзуд ӯ.
Манбаи мо мегӯяд, дар бадани Абдурасул Назаров “осебҳои шубҳанок” ба назар мерасад ва сабаби марги ӯ пас аз хулосаи ниҳоии ташхис расман эълон хоҳад шуд.
Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рӯзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шудааст. Садбарг Бобохонова, ҳамсари Назаров, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ин маъмурони милиса дар тан либоси шаҳрвандӣ доштаанд.
Ӯ афзуд, шаби 29-уми март аз шӯъбаи шикастабандӣ (корпуси 5)-и Қарияи Боло ба онҳо гуфтаанд, ки ҷасади Абдурасул Назаровро баранд. Ба гуфтаи Садбарг Бобохонова, пизишкон гуфтаанд, ки ҷасади Назаровро аз Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2 ба бемористон оварданд.
“Вақте ҷасади шавҳарамро мегирифтем, ду нафареро дидам, ки бо либоси шаҳрвандӣ ба хонаамон омада буданд. Онҳо дар назди беморхона буданд. Пизишк гуфт, ки ҷасадро ҳамин ду нафар оварданд. Дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд. Дастонаш, як тарафи сараш захм дорад. Дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст”, - афзуд ӯ.
Дар тамоси телефонӣ дар Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-2 ба Радиои Озодӣ ин хабарро рад карданд. Онҳо гуфтанд, ҳарфҳои наздикони Абдурасул Назаров асос надорад. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилӣ рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “дертар тамос гиред, роҳбарият медонад”.
Ҷасади Абдурасул Назаров рӯзи 29-уми март аз Душанбе ба Кӯлоб интиқол ёфт ва, қарор аст, дар зодгоҳаш - Чармгарони шаҳри Кӯлоб дафн шавад. Абдурасул Назаров соҳиби ду фарзанд аст ва тайи 12 соли охир ҳамроҳи хонаводааш дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт ба сар мебурд.