Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як мақоми раёсати маҳбасҳо худкушии Тоҳир Бозоровро тасдиқ кард, вале мегӯяд, иллати даст ба ҷони худ задани ин маҳбус ҳанӯз рӯшан нашудааст.
Бозоров Тоҳир Абдураҳимович, маҳбуси зиндони рақами 4, воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта худро ба дор овехтаст.
Як мақоми раёсати маҳбасҳои Вазорати адлия рӯзи 11 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, Тоҳир Бозоров рӯзи 5 август бо роҳи худовезӣ ба худкушӣ даст задааст.
Қаблан як маҳбуси зиндони рақами 4 дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҳир Бозоров дар маҳбас таҳти фишори маъмурон қарор дошт ва ба ҳамин далел худашро ба дор кашидааст.
Вале ҳамсӯҳбати Озодӣ аз раёсати маҳбасҳо ин иддаоро рад мекунад. Ба гуфтаи ин мақом, сабаби аслии худкушии Тоҳир Бозоров маълум нест ва ҷузъиёташ танҳо баъди анҷоми тафтиши қазия нашр хоҳад шуд.
Ҷанозаи Тоҳир Бозорови 41-соларо рӯзи 7 август дар зодгоҳаш - деҳаи Қарағочи ноҳияи Восеъ - ба хок супурдаанд.
Тоҳир Бозоров дар соли 2013 аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт бар асоси банди «б»-и қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст) ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд.
Бино ба ҳукми додгоҳ, Тоҳир Бозоров дар моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванди ноҳияи Восеъ Абдулҳамид Сатторов даромада, ӯро бовар мекунонад, ки ба ивази маблағи муайян метавонад духтарашро ба Коллеҷи тиббии Душанбе шомил кунад. Ӯ рӯзи 20 августи соли 2013 аз Сатторов 2000 доллар гирифтааст.
Ӯ ҳамин тавр, бо миёнаравии Абдулҳамид Сатторов аз ду нафари дигар - Саидов Абдуҷаббор барои ба Донишгоҳи тиббӣ дохил кардани духтараш 9500 доллар ва аз Қурбонов Музаффар, ки мехост духтарашро ба Коллеҷи тиббии Душанбе шомил кунад, мутаносибан 9500 ва 2500 доллар гирифта, ба гуфтаи додгоҳ, барои эҳтиёҷоти худаш сарф кардааст.
Бино ба гузориши сомонаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, "ҷабрдидагон пас аз ба мактабҳои номбурда дохил нашудани фарзандонашон дарк мекунанд, ки ба доми қаллоб афтидаанд."
Ҷамъи маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон то 10 000 нафар гуфта мешавад. Бино ба гузориши солонаи ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон, дар соли 2014 дар зиндонҳои ин кишвар дар маҷмӯъ 80 маҳбус даргузаштаанд. 25 нафари ин зиндониён аз бемории сил ва бақия, ба гуфтаи дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон, аз бемориҳои дарунӣ фавтидаанд. Аммо омори расмие дар ин бора ки чанд маҳбус даст ба худкушӣ задаанд, вуҷуд надорад.