Марги мармузи як сарбоз дар фурудгоҳи низомии Айнӣ

Марги мармузи як сарбоз дар фурудгоҳи низомии Айнӣ

Волидайни Ҷӯрабой Ҳомидов, як сарбози нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбе ба таври мармуз ҳалок шудааст, хостори таҳқиқи марги фарзанди худ ҳастанд.

Акрам Холиқов, падари сарбози ҳалокшуда Ҷӯрабой Ҳомидов, ки дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Ғончӣ зиндагӣ мекунад, дар як тамос ба Радиои «Озодӣ» гуфт, писарашро субҳи рӯзи душанбе як афсар ва ду сарбоз бо иттифоқи раис ва сарвари милисаи ноҳия ба деҳа оварда, як гирдиҳамоӣ созмон доданд ва гуручӯб карда рафтанд: «Касе ба ман нагуфт, ки чӣ иттифоқ афтодааст? Чаро писари ман ба ҳалокат расидааст. Ягон даъво надорам, рафт ва дигар бознамегардад, зинда намешавад, аммо ман мехоҳам, ки бо ӯ чӣ рух додааст, то хотирам ҷамъ шавад».

Ҷӯрабой Ҳомидов, мутаваллиди соли 1991, оиладор ва соҳиби як фарзанди духтар, моҳи ноябри соли 2013 бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Ӯ то лаҳзаи марг дар қисми низомии 07033 – и нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи Тоҷикистон, мустақар дар фурудгоҳи низомии Айнӣ адои хизмат мекард. 

Ба қавли пайвандонаш, рӯзи якшанбеи гузашта аз ӯ як паёмаке ба телефони мобилии модараш омад, ки мехост ба ӯ занг занад, аммо ба занги бадеҳии модар ӯ посух надод. Тақрибан пас аз чанд занги такрорӣ ӯ гӯширо бардошта, аммо дар ҳолати беҳолӣ гуфтааст, ки шаб хоб накардаасту майли истироҳат дорад ва субҳи рӯзи дигар ҷанозаи ӯ аллакай пушти дари манзилашон дар ноҳияи Ғончӣ буд.

Зуфархон Исмоилов, раиси ноҳияи Ғончӣ, ки ҳайати ҳукуматиро дар маросими дафни Ҷӯрабой Ҳомидов ҳамроҳӣ мекард, гуфт, барои дафн кардани сарбоз муовини фармондеҳи неруҳои ҳавоии Тоҷикистон, фармондеҳи ротаи қисми низомии 07033, комиссари ҳарбии ноҳия ва ду ҳамхизмати марҳум омада буданд. Вай афзуд, он рӯз волидайни сарбоз дар ҳолати шок қарор доштанд, аз ин хотир, шояд сӯҳбати ҳайатро дар бораи сабаби марги ӯ дар гирдиҳамоӣ гӯш надоданд.

Вай афзуд: «Мо қариб ду соат он ҷо будем. Бо худи падари сарбоз сӯҳбат додштам, изҳори тасаллият кардем, ки ин рӯз ба сари ҳар кас меояд. Агар латукӯб ё рафтори ғайриоинномавӣ бошад, гапи дигар аст. Ин бача худ худашро чунин кардааст. Ростӣ, мо ҳам намефаҳмем, ки чаро баъзе одамон ба худкушӣ даст мезананд. Бахусус, сарбозе, ки мегӯянд, дар сатҳи афсарон буд, хеле хуб хизмат мекард».

Бино ба фарзияи расмӣ, сарбоз Ҷӯрабой Ҳомидов рӯзи якшанбеи 6-уми июл гӯё ба ҳезумхона ё ангиштхонаи қисми низомӣ даромада, худро бо риштаи синтетикӣ ба дор кашидаст. Мақомот дар бораи ангезаҳои эҳтимолии ин худкушӣ чизе намегӯянд, аммо ҳадс мезананд, ки шояд он ҷанбаи хусусӣ дошта бошад.

Пайвандон ин фарзияро, ки Ҷӯрабой Ҳомидов худкушӣ кардааст, дур аз мантиқ медонанд, зеро соҳиби оила ва духтараки дӯстрӯ буд ва баҳонае барои даст ба ҷони худ задан надошт. Акрам Холиқов мегӯяд, ҷасади писараш аз ноҳияи сар ва шикам ҳангоми бозрасии коршиносони суди тиббӣ бурида шуда, аммо пушти сари ӯ зарбаи шадид мушоҳида шудааст ва то қабристон аз тобути ӯ хун ҷорӣ буд.

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон марги ин сарбозро таъйид кард ва гуфт, ҳоло раёсати махсуси вазорат ин қазияро таҳқиқ мекунад. Вай афзуд, ин, ки волидайн даъво надоранд, ҳалли масъала нест ва ҳар қазия бояд таҳқиқи маслакӣ шавад: «Ҳоло тафтишот идома дорад. Ва тақрибан маълум аст, ки чӣ ҳодиса иттифоқ асфтода, аммо ҳоло қазоват намекунем. Мо мунтазири хулосаҳои экспертиза, додситонии низомӣ ва раёсати кор бо ҳайати шахсии вазорати дифоъ ҳастем».

Марги мармузи сарбозон дар қисмҳои низомии Тоҷикистон ҳодисаи нав нест ва ин ҳодисаҳо дар баъзе маворид расонаӣ мешаванд, вале умудатан пӯшида мемонад. Моҳи апрели соли равон расонаҳо аз марги Акмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, ки гӯё дар пайи банд мондани нон дар гулӯяш фавтидааст. Мақсуд Носирови 21-сола 27 январи соли ҷорӣ дар қисми низоми 2758 воқеъ дар ноҳияи Спитамен, бар асари латукӯби куҳнасарбозон ба ҳалокат расид. 4 гунаҳкори ин фоҷиа аз 5 то 7,5 -солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо қазияи Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон аст, ки бар асари латукӯб саломатиашро аз даст дода, то ҳол дар бемористон ба сар мебарад.

Ozodi