Машғулиятҳои амалии тренинг оид ба дастгирии равониву иҷтимоии занон ва наврасони қаблан маҳкумшуда

Рӯзҳои 14-15-уми август дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе тренинги амалии дурӯза дар мавзӯи «Аз осебпазирӣ ба боварӣ: муносибати равониву иҷтимоӣ дар кор бо занон ва наврасони қаблан маҳкумшуда» баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, инчунин кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Машғулиятҳоро коршиносони миллӣ - устодони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қутбиддин Каримиён ва Мадина Шарифова гузарониданд. Дар рӯзи аввал иштирокчиён лексияҳо ва маводҳои амалиро оид ба муносибати равониву иҷтимоӣ дар кор бо маҳбусони собиқ омӯхтанд. Дар рӯзи дуюм тренерҳо натиҷаҳои машғулиятҳоро ҷамъбаст намуда, ба усулҳои аутогении танзими ҳолати эмотсионалӣ, усулҳои барқарор кардани робитаи равонии боваринок, ҳамкории байнисоҳавӣ, системаи бозгардонӣ ва ғамхорӣ нисбати худ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Сессияҳои саволу ҷавоб, санҷиш ва баҳодиҳии ҷамъбастии машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Чорабинӣ ба мутахассисон имкон дод, ки дониш ва таҷрибаҳои амалиро мубодила намуда, инчунин бо захираҳои мавҷуда ва равишҳои самараноки кор бо гурӯҳҳои осебпазир - занон ва кӯдаконе, ки пас аз маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҷомеа бармегарданд, шинос шаванд. Чорабинӣ ба таъсиси системаи устувори дастгирӣ ва баланд бардоштани салоҳияти касбии мутахассисоне, ки дар равандҳои бозгардонӣ иштирок мекунанд, равона карда шудааст.

Машғулияти омӯзишӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ: таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти маҳбасҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти фаронсавии Prison Insider бо дастгирии молиявии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, гузаронида шуд.

NotortureTj