Машваратҳои ҳуқуқӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ

8-уми октябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аст, дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои аҳолӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ доир намуданд.

Чорабинӣ ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона бахшида шуд.

Дар умум, ба 11 нафар шаҳрвандон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ ва гражданӣ посух пешниҳод гардид.

Аз ҷумла, муроҷиаткунандагон ба саволҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: “Шиканҷаро аз латукӯб чӣ гуна фарқ кардан мумкин аст?”, “Барои шиканҷа чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст?”, “Гарав аз ҷарима чӣ фарқ дорад?”, «Кӣ дар бораи боздошт хабар медиҳад?», «Барои ҷуброни зарари маънавӣ ва моддии расонидашуда кай ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?».

NotortureTj