Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонуни Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар барои афроде, ки аз зиндон озод мешаванд, фаъолияти машваратхонаҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ кардааст.
Тибқи баёнияи ин ниҳод, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30-уми апрел мунташир шуд, ҳуқуқдонҳо ба зиндониёни собиқ барои пайдо кардани шуғл, ҳалли мушкилоти хонаводагӣ ва масоили маскан кумаки ройгон мекунанд.
Ҳамзамон дар ин машваратхонаҳо равоншиносон барои ироаи кумакҳо ба зиндониёни собиқ омода ҳастанд.
Иҷрои ин тарҳи Идораи ҳуқуқи башар ва риъояти қонун бо кумаки молии Иттиҳодияи Урупо имконпазир шудааст.