Машваратҳои ҳуқуқии ройгон дар шаҳри Бохтар

11-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.

Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар маҷмуъ ба 16 нафар ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар ҷараёни машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони ТҶ «Ҳуқуқи дастрас» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми боздошт ва нигоҳдорӣ дар ҷойҳои маҳдудият аз озодӣ, ҳангоми тафтишот, тафтишоти пешакӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва мурофиаи судӣ посух доданд. Аз ҷониби машваратчиён ҳуқуқҳои шахсони боздоштшуда, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандагон ва маҳкумшудагоне, ки дар муассисаҳои пӯшида нигоҳ дошта мешаванд, ба озодӣ аз шиканҷа шарҳ дода шуд. Оид ба қоидаҳо ва тартиби ҷуброни зарар тибқи меъёрҳои қонунгузории граждании ҶТ ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд.

Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал фаҳмонида шуд.

Чорабинӣ бо дастгирии IPHR, Фонди Зигрид Раузинг ва Ҳукумати Швейтсария гузаронида шуд.

Бар ҳар як нафари муроҷиаткарда барои дастрас намудани ёрии ҳуқуқии пурра маълумот барои тамос бо қабулгоҳҳои ҳуқуқии давлативу ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тариқи почтаи электронии accessibleright@gmail.com муроҷиат кардан мумкин аст.