Машваратҳои ҳуқуқии ройгон дар шаҳри Душанбе

1-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Душанбе машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.

Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар маҷмуъ ба 16 нафар оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба манзили иҷтимоӣ (тартиби муроҷиат, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва ғайра), инчунин гирифтани ҷуброн барои вайрон кардани манзил ва вайрон кардани биноҳои маъмурӣ, ҷавобгарӣ барои вайрон кардани меъёрҳо/монеъ шудан ба истифодаи умумии шабакаҳои гармидиҳӣ, тартиби шикоят кардан аз амали (беамалии) шахси ваколатдор оид ба оғози парвандаи ҷиноятӣ, истифодаи зўроварӣ ва дигар муносибатҳои манзилию ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноятӣ ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд.

Чорабинӣ бо дастгирии IPHR, Фонди Зигрид Раузинг ва Ҳукумати Швейтсария гузаронида шуд.

Бар ҳар як нафари муроҷиаткарда барои дастрас намудани ёрии ҳуқуқии пурра маълумот барои тамос бо қабулгоҳҳои ҳуқуқии давлативу ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тариқи почтаи электронии accessibleright@gmail.com муроҷиат кардан мумкин аст.