Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
19-уми ноябри соли 2024 ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» («Доступное право»), ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, барои аҳолии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд машваратҳои сайёри ҳуқуқии ройгон гузарониданд.
Чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Дар маҷмуъ ба 16 нафар ёрии ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» ба саволҳои шаҳрвандон оид ба ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа, инчунин қонунгузории ҷиноятӣ ва ҳуқуқҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мутобиқи талаботи меъёрҳои қрнунгузории ҷиноятии ҳуқуқӣ ва граждании ҳуқуқӣ посух гуфтанд. Мушовирон инчунин дар асоси Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ ба маъюбон» ба 4 нафар шахсони дорои маъюбият машварати ҳуқуқӣ дода, ҳуқуқи онҳоро ба озодӣ аз шиканҷа ва табъиз фаҳмониданд.
Машваратчиён инчунин ба саволҳои шаҳрвандон, аз ҷумла вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи манзил, аз қабили моликӣ ба бинои истиқоматӣ, дастрасӣ ба манзили иҷтимоӣ, иштирок дар сохтмони манзили саҳомӣ, қонунигардонии амволи ғайриманқул, ҷубронпулӣ барои вайрон кардани манзил ҳангоми мусодираи замин баҳри эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии Нақшаи генералии рушди шаҳру навоҳии ҶТ ҷавоб доданд.
Ба шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал фаҳмонида шуд.
Чорабинӣ бо дастгирии IPHR, Фонди Зигрид Раузинг ва Ҳукумати Швейтсария гузаронида шуд.
Бар ҳар як нафари муроҷиаткарда барои дастрас намудани ёрии ҳуқуқии пурра маълумот барои тамос бо қабулгоҳҳои ҳуқуқии давлативу ҷамъиятӣ пешниҳод карда шуд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ тариқи почтаи электронии accessibleright@gmail.com муроҷиат кардан мумкин аст.