Машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ дар Душанбе ва Бохтар

Ҳуқуқшиносони ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои аҳолии Душанбе (15-уми январ) ва Бохтар (16-уми январ) машваратҳои ройгони сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд.

Чорабиниҳо бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуданд.

Дар маҷмуъ ба 16 нафар кумаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ ҳуқуқшиносон ба саволҳои шаҳрвандон оид ба муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ, манзилӣ ва шаҳрвандӣ посух доданд.

Аз ҷумла, муроҷиаткардагон ба саволҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: Чаро шиканҷа ҷиноят ҳисобида мешавад? Кӣ ҳуқуқ дорад шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти мубориза бо шиканҷа идора ва назорат кунад? Кадом аломатҳо метавонанд аз шиканҷа шудани шахс шаҳодат диҳанд? Барои пешгирӣ аз шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ чӣ чораҳо андешидан мумкин аст? Эҳтимолияти бегуноҳӣ чист? Шахси боздоштшуда кадом ҳуқуқҳоро дорад? Ҳабси воқеӣ чист? ва ғайра.

Чорабиниҳо дар доираи лоиҳаҳои «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг ва «Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо оид ба инъикоси иттилоот дар бораи озодӣ аз шиканҷа»-и International Partnership for Human Rights гузаронида шуданд.

NotortureTj