Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 15-16-уми август аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» дар шаҳри Хуҷанд - маркази маъмурии вилояти Суғд машваратҳои сайёри ройгони ҳуқуқӣ баргузор гардиданд.
Шаҳрвандони ба ҳимоятгарони ҳуқуқ муроҷиаткарда ба масъалаҳои мухталиф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд: аз суолҳо дар мавриди амонатҳои бонкӣ, ки ба далели муфлисии бонкҳо бозпас гирифта натавонистаанд, то ба шавҳар додани духтарони ба синни балоғат нарасида. Мардум дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқи муҳоҷирон, дар самти муносибатҳои меҳнатӣ ва бақайдгирии нафақа саволҳо доданд.
Чун дар Душанбе, шаҳрвандон дар машваратҳо ба масоили андозбандӣ, муқаррароти Кодекси нави андоз, инчунин ба қонунгузории манзил ва ҳуқуқи оилавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Оид ба ҳуқуқи маъюбон ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон низ саволҳо дода шуданд. Ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба масъалаҳои аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадани шахсони мансабдор, истифодаи зӯр нисбати одамон ё хешовандони наздики онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҳомиёни ҳуқуқ оид ба тартиби шикоят кардан аз амали (беамалии) шахси мансабдор машварат дода, инчунин ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандонро фаҳмониданд.
Зимни машваратҳо аз ҷониби ҳимоятгарони ҳуқуқ ба ҳамаи муроҷиаткунандагон оид ба фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» буклетҳо тақсим карда ва инчунин оид ба салоҳияту вазифаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.
Дар рафти машваратҳои ҳуқуқӣ аксари шаҳрвандон аз хидматҳои пешниҳодшуда изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки чунин машваратҳои ройгон заруранд, зеро дастрасии онҳо ба ҳуқуқшиносони соҳибихтисос бинобар вазъи молиявӣ амалан маҳдуд аст.