Масъулин: Зиндоние ҳангоми фирор захмӣ шуд

Масъулин: Зиндоние ҳангоми фирор захмӣ шуд

Мақомоти Раёсати муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ҷилавгирӣ аз фирори як зиндонӣ гузориш доданд.

Ба иттилои мақомот, як  маҳбуси зиндони рақами 3/3-и ноҳияи  Ваҳдат (Кирпичний), ки дар 20-километрии шарқи Душанбе ҷойгир аст,  ҳангоми фирор аз маҳбас аз тарафи посбонон захмӣ шуд. Одинашо Муродов, сухангӯи Раёсати муассисаҳои ислоҳии  Вазорати адлияи Тоҷикистон 15 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса  соати 3:20 дақиқаи шаби шанбе ба якшанбе рӯй дод. Ба иттилои ӯ, маҳбус Иззатулло Шодиев мехост аз маҳбас фирор кунад, аммо "посбонҳо аввал ба ӯ ҳушдор доданд, вале вай аз роҳаш пас нагашт, сипас онҳо оташ кушода ӯро захмӣ намуданд". Дар натиҷа, зиндонӣ дигар натавонист ҳаракат кунад ва ӯро боздошт намуда ба беморхонаи маҳбас бистарӣ карданд.

Одинашо Муродов гуфт, ки  Иззатулло Шодиев дар ноҳияи пояш  тир хӯрда захмӣ шудааст. Сабаби кӯшиши фирор кардани ин зиндонӣ шарҳ дода намешавад. Санҷиши ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Тибқи иттилои расмӣ,  Изатулло Шодиев сокини ҷамоати «Сешанбе»-и ноҳияи Турсунзода буда, дар таърихи 6 январи соли гузашта тибқи моддаи 244 қисми 2, барои дуздӣ ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ҳоло маълум нест, ки оё барои ин амал Шодиев иловатан муҷозот мешавад, ё на.

Одинашо Муродов  бо зикри ин хабар гуфт, ки   «ба муносибати ин хизмати шоён се сарбозе, ки дар боздошти маҳбуси фирорӣ Изатулло Шодиев саҳм гирифтанд,  пеш аз муҳлат аз хизмати аскарӣ озод карда шуданд".

Ozodi