ММҲҲИ: Тоҷикистон ягон чорае марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ оид ба парвандаи Хуршед Бобокалонов наандешид

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ба иттилои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон расонид, ки Тоҷикистон ягон чораи марбут ба иҷрои тавсияҳои КҲИ аз рӯйи парвандаи  №2707/2015 (CCRP \C\128\D\2707\2015, ICCPR on behalf of Ms. Saodat Kulieva) наандешидааст.

Ёдовар мешавем, Кумита дар тавсияҳои худ ба ин хулоса омад, ки «давлати узв тафтишоти фаврӣ, холисона ва самараноки ҳолати фавти Хуршед Бобокалонов ва даъвои модараш Саодат Кулиеваро дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нагузаронидааст» ва аз мақомоти тоҷик хост, то дар мавриди а) гузаронидани тафтишоти саривақтӣ, самаранок, ҳаматарафа, мустақил, беғаразона ва шаффофи шиканҷаву фавти писари муаллиф, инчунин таъқибу ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон, b) доимӣ огоҳ сохтани муаллиф аз рафти тафтишот ва с) пардохти муносиби ҷуброн барои нақзи ҳуқуқҳои писараш, инчунин чораҳои муносиби офиятбахшӣ чораҳои муассир андешад.

Бар замми ин, Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳамзамон талаб кард,  то “дар давоми 180 рӯз аз ҷониби давлати узв маълумот дар бораи чораҳои андешидашуда тибқи Мулоҳизоти мазкур ироа гардад». Аз Тоҷикистон инчунин дархост карда шуд, ки матни Мулоҳизотро оммавӣ гардонад ва паҳнсозии онро бо забонҳои расмии давлати узв ба таври васеъ таъмин намояд.

Ба андешаи ҳуқуқшиносони Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, Тоҷикистон ба унвони як кишвари узви Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муваззаф аст, ки қарори қатъи парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба марги Хуршед Бобокалоновро лағв кунад ва тафтишоти нав, аз ҷумла дар мавриди далели истифодаи шиканҷа нисбати марҳум гузаронад.

Аммо талошҳои Маркази мустақил барои расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба модари Хуршед Бобокалонов натиҷа надод. Прокуратураи генералӣ барои иҷрои талаботи Мулоҳизот чорае наандешида, Суди ноҳияи Сино бо қарори худ шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро дар бораи бекор кардани қарори муфаттиш оид ба қатъи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия аз рӯи далели фавти Хуршед Бобокалонов рад кард.

Ин қарори Суди ноҳияи Сино аз ҷониби коллегияи кассатсионии парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе бетағйир мононда шуд.

NoTorture.Tj