"Мо назадем, мо надидем..." Пас Фаррухро дар идораи пулис кӣ кушт?

Афсарони пулиси Русия, ки дар шиканҷа ва марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов айбдор мешаванд, дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф накардаанд.

Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав ба бозпурсии шоҳидони парвандаи шиканҷа ва марги шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фаррух Урозов идома медиҳад. Интизор меравад, ин бозпурсиҳо то 5 май ба анҷом расида, додгоҳ ҳукми се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеевро алакай то поёни моҳи май эълон кунад.

Илҳом Алихонов, бародари Фаррух рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта чанд шоҳиди асосӣ, аз ҷумла раҳбари собиқи бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Мясоедов бозпурсӣ шудаанд. Мясоедов баъди ҳалокати Фаррух Урозов дар боздошт аз мақомаш барканор шуда буд.

Илҳом Алихонов мегӯяд: “Дар додгоҳ вақте афсарони пулисро мепурсанд, ягонтоаш ба гардан намегирад. “Ман назадам, ман набудам” – мегӯянд ҳамааш. Мясоедов ҳам гуфт, ки “ман фақат як ё ду бор ба он ҳуҷра даромадам, чизеро намедонам.” Ман қаҳрам омад, гуфтамашон, ки пас бародари маро кӣ кушт? Магар худаш худашро куштааст?”

Фаррух Урозов, ки дар яке аз сохтмонҳои Солнечногорск ба ҳайси кафшергар кор мекард, шоми 17 сентябри соли 2014 бар асоси шикояти як зани ҳамсоя, ки ӯро ба таҷовуз ба номуси духтари шашсолааш айбдор карда буд, боздошт шуд. Ӯ шаби 18 сентябр, ҳанӯз то расидани мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар шӯъбаи пулис  даргузашт.

Бар асоси хулосаи тафтишот, ки рӯзи 15 декабр нашр шуд, Фаррух Урозов бар асари шикастани 13 қабурғааш ҷон бохтааст. Маълум шудааст, ки афсарони пулис барои маҷбур кардани Урозов ба эътирофи гуноҳ ба бадани вай дастикам 75 зарба задаанд.

Ҳоло се афсари пулиси Солнечногорск - Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир Гордеев - бар асоси қисми чоруми моддаи 111-ум (расондани осеби ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси ҳалокати одам шудааст) ва се банди аввали қисми сеюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноии Русия (баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ бо истифода аз хушунат ва силоҳу васоили вижа ва расондани осеби сангини ҷисмонӣ) айбдор мешаванд. Қонунгузории Русия барои иттиҳоми аввал ҳамчун ҷазо аз 5 то 15 соли зиндон ва барои иттиҳоми дувум аз 3 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дмитрий Пискунов, ҳуқуқшиноси Кумитаи пешгирӣ аз шиканҷаи Русия, ки дар мурофиаи парвандаи Фаррух Урозов аз манфиатҳои наздикони ҷабрдида ҳимоят мекунад, рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо боварии комил доранд, ки додгоҳ се афсари муттаҳам дар марги Фаррухро гунаҳкор хоҳад кард: “Афсарони пулис дар додгоҳ ба худсафедкунӣ машғуланд, вале мо мутмаинем, ки додгоҳ ба нафъи мо ҳал мешавад. Мунтазирем, ки ҳукми додгоҳ алакай то поёни моҳи оянда эълон шавад. Ба дунбол бо даъвои шаҳрвандӣ аз ин афсарони гунаҳкор барои хонаводаи Фаррух Урозов товони муносиб талаб хоҳем кард.”

Илҳом Алихонов гуфт, наздикони афсарони муттаҳам як дафъа ба ӯ 250 000 рубл, муодили тақрибан 3600 доллар пешниҳод кардаанд, то ки ӯ дар додгоҳ ба ҳатман ҷазо додани ин се нафар пойфишорӣ накунад: “Ман пули онҳоро нагирифтам ва дар додгоҳ гуфтам, ки ба тантанаи адолат умед дорам. Аз инҳо бояд як нафақаи муайян барои 4 кӯдаки хурдсоли Фаррух бояд бирӯёнанд, чунки онҳо бо бадрафториашон як хонаводаи калонро аз ягона саробонашон маҳрум карданд.”

Фаррух Урозов аз рустои Бобсафоли поёни собиқ колхози “Коммунизм”-и ноҳияи Фархор буда, писари калониаш ҳамагӣ дар синфи 5-ум таҳсил мекунад. Се духтари ӯ ҳанӯз ҳатто ба мактаб намераванд. Илҳом Алихонов мегӯяд, худи ӯ аз соли 1994 ва Фаррух тақрибан 14 соли охир ҳар сол барои мардикорӣ ба вилояти Маскав меомаданд. Ҷамъан аз ин хонавода 9 бародар дар Русия кор мекарданд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол дастикам 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Ҳар сол аз он кишвар ҷасади беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро ба Ватан меоранд. Омори дақиқе вуҷуд надорад, ки оё чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар идораи пулису зиндонҳо, аз ҷумла ба иллати шиканҷа, ҷон мебозанд, вале ҳалокати Фаррух Урозов дар пулиси ноҳияи Солнечногорск нахустин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар боздоштгоҳҳову дар шӯъбаҳои пулиси Русия нест.

Танҳо дар моҳи декабри соли 2013, дар фосилаи ҳамагӣ 10 рӯз – аз 14 то 24 декабр – дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия якбора се тоҷик ба таври мармуз ҳалок шуданд.

Аммо пурсарусадотарин парванда марги Умаралӣ Назаров, як кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик дар пайи боздошти волидонаш аз сӯи маъмурони ФМС ва пулис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия буд. Ин тифлро низ рӯзи 13 октябр ҳамроҳ бо волидонаш ба шӯъбаи пулис бурданд ва ӯ чанд соат онҷо буд. Умаралиро баъди бад шудани вазъаш ба бемористон интиқол доданд, вале ӯ рӯзи 14 октябр даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳо дар чанд шаҳри Русия ва ҳамчунин дар Амрикову Олмон ва ҳатто дар Ҳонгконгро дар пай дошт. Вале Кумитаи тафтишоти Русия ҳафтаи гузашта гуфт, дар марги Умаралӣ кормандони пулис ва ФМС гунаҳкор нестанд.

Ozodi