Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид мекунанд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.
Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, қисми 5-и моддаи 36 баҳсбарангез аст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки қабули ин лоиҳаи қонун “облава”-ро қонунӣ мегардонад: “Дар қисми 5-и моддаи 36 лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст: «Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва/ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад».
Ба иддаои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқаррароти мазкур ду лаҳзаи ниҳоят муҳимро фаро мегирад: “Якум, гузоштани ӯҳдадории қабули огоҳномаи даъват ба аъзоёни оилаи даъватшаванда. Муқаррароти мазкур бо қисми 2 моддаи 36 лоиҳаи қонун дар ихтилоф аст, ки дар он дарҷ шудааст, ки шаҳрвандони воҷиби даъват ба хизмати ҳарбӣ ӯҳдадор мешаванд, ки огоҳномаи комиссариати ҳарбиро бо гузоштани имзои шахсӣ қабул кунанд. Дуюм, аъзоёни оила барои кирдорҳои аъзои ба балоғатрасидаи оила масъулият намебаранд. Огоҳнома барои гузаштани чорабиниҳои даъват на барои аъзоёни оила, балки бевосита даъватнома барои даъватшаванда аст. Радкунии қабули огоҳномаи даъват аз ҷониби аъзоёни оила ҳуқуқи онҳост ва наметавонад барои пайдо шудани ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноии даъватшаванда асос гардад”.
Ҳомиёни ҳуқуқ нуктаи дуюми муҳими лоиҳаи қонунро дар он арзёбӣ мекунанд, ки таъмини ҳозиршавии даъватшаванда ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ гузошта шудааст: “Таъмини ҳозиршавии даъватшаванда аз ҷониби мақомотҳои корҳои дохилӣ маҳдудкунии озодии шаҳрванд мебошад. Маҳдудкунии ҳуқуқи озодӣ бояд танҳо дар сурати мавҷуд будани асосҳои қонунии кофӣ, ки шаҳрванд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ҷиноят содир кардааст, амалӣ карда шавад. Бе сабабҳои ҷиддӣ ҳозир нашудани шаҳрванд барои гузаштани комиссияи даъват ва шаҳодатдиҳӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҳсуб намешавад. Бармеояд, ки шахсони мансабдори мақомотҳои корҳои дохилӣ барои маҷбуран овардани шаҳрванд ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои таъмини қарзи ҳарбии шаҳрвандӣ ҳуқуқ надоранд”.
Ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар идома зикр намудаанд, ки Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркашӣ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавобгарии ҷиноиро пешбинӣ кардааст: “Тибқи ташреҳи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти саркашӣ он ҳолат фаҳмида мешавад, ки шаҳраванд пас аз гирифтани огоҳномаи даъват дар мӯҳлати муқарраргардида ба маъракаи даъват бе сабабҳои ҷиддӣ ҳозир нашудааст. Омили асоси ҳангоми ҳолати мазкур огоҳномаи даъвати аз ҷониби даъватшаванда гирифташуда хоҳад буд. Боздошт ҳангоми дастрас нагардидани огоҳномаи даъват ба даъватшаванда ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад”.
Бо зикри ин омилҳо ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба Комиссияи ҳукуматӣ оиди омодакунии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешниҳод кардаанд, ки қисми 5 моддаи 36 лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйир дода, меъёри вобаста ба масъулияти волидайн ва хешовандони даъватшавандагон барои радкунии гирифтани огоҳномаи даъват соқит карда шавад: “Инчунин ваколатҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ дар таъмини ҳозиршавии даъватшаванда соқит карда шуда, меъёр дар таҳрири зерин қабул карда шавад: Дар ҳолати бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ, шахси даъватшуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.
Дар зери ин изҳорот ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд ва созмонҳои дигари Русия, Озарбойҷон, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Украина ва дигар кишварҳо имзо гузоштаанд.