Мониторинг: амалияи маъмурӣ нисбати будубоши гурезаҳо сода карда шудааст

Мониторинг[1]: амалияи маъмурӣ нисбати будубоши гурезаҳо сода карда шудааст

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши ин мониторинг, вобаста ба иҷрои банди 11-и нақша Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ додааст, ки дар давоми соли 2019 ва соли 2020 аз тарафи сохторҳои вазорат ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ягон нафар шахсони паноҳҷӯянда ва гуреза барои вайрон намудани қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ мутобиқи қисми 3, моддаи 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда нашудааст.

- Соли 2020 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри сода ва сабук гардонидани амалияи маъмурӣ нисбати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, хусусан шахсони гуреза ва рушди туризм, ки аз паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, такмил ёфта, санаи 4-уми июли соли 2020 таҳти №1699, №1700 ба имзо расонида шуд. Дар моддаи 497 ва 499 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, санксияҳои он нисбати шаҳрвандони хориҷӣ сабук карда шуд, аз ҷумла дар санксияи қисми 1, моддаи 497 ва санксияи қисмҳои 1, 3, моддаи 499 калимаи «огоҳӣ» ворид карда шуда, калимаҳои «ва берун кардан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шуданд. Ҳамчунин, ба моддаи 93 ва 98 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, ваколатҳои суд ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор гардид. Масъалаи мунтазам таҳлил ва ҷамъбаст намудани назорат нисбат ба қонунӣ будани депортатсияи шаҳрвандони хориҷӣ зери назорати доимии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси нақшаҳои корӣ ҳамасола мавриди санҷиш ва таҳлил қарор мегирад ва аз натиҷаи он чораҳои дахлдор андешида мешаванд,- омадааст дар гузориш.

Таҳлили қонунвайронкуниҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд нишон додааст, ки дар ин давра аз ҷониби зерсохторҳои мақомоти ваколатдор нисбати 57 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, 5 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шудаанд.

Аз ҷониби Суди Олӣ ҷиҳати иҷрои омӯзиши таҷрибаи судӣ оид ба баррасии парвандаҳои маъмурии гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон бо мақсади ягонагии истифодаи қонунгузорӣ иттилоъ дода шудааст, ки соли 2020 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ барои риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таври транзитӣ убур кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 (соли 2019-ум 295) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла 3 парванда дар маҷлиси сайёри судӣ баррасӣ карда шудааст. Доир ба парвандаҳои баррасигардида як таъиноти хусусӣ бароварда шуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ирсол карда шудааст.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj