Мониторинг: ба тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст

Мониторинг[1]: ба тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Тибқи нишондоди гузориши ин мониторинг, ҷиҳати иҷрои зербанди 4, банди 5-и нақша Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба ворид намудани тавсияҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ба корҳои назаррас ноил гаштааст. Аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судӣ тасдиқ гардида, дар онҳо тавсияи Протоколи Истамбулӣ дар мавриди гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ-судӣ ҳангоми арз оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона тартиб дода шудааст.

Зербанди 1, 3 ва 4, банди 6-и нақша низ иҷро гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 3 маротиба, яъне 23-юми ноябри соли 2015 ба моддаҳои 10, 12, 14, 21, 22, 35 ва 45, аз 14-уми майи соли 2016 ба моддаи 45 ва 24-уми феврали соли 2017 ба моддаҳои 13 ва 19 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳои 23-юми ноябри соли 2015 дар қисмати уҳдадориҳои адвокат, соҳиб шудан ба мақоми адвокат, иҷозат додан ба имтиҳони тахассусӣ, боздоштани мақоми адвокатӣ, қатъ намудани мақоми адвокатӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат ва соҳиб шудан ба мақоми адвокат ворид карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми апрели соли 2019, №1242 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида, дар доираи он масъалаи таъмини расонидани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ ба дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда пешбинӣ карда шудааст. Вобаста ба ин ҷиҳати ҷалби бештари адвокатҳо ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар мурофиаи судӣ таҳлили қонунгузорӣ, амалия ва дар ин замина ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

- Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №425 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Консепсия) қабул гардидааст. Барои татбиқи Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015, №704 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассиса) таъсис дода шудааст. Аз ҷониби мутахассисони бахши мониторинги муассиса фаъолияти бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ бо тарзу усули хос барои баҳодиҳии татбиқи моделҳо, муайян намудани сифати ёрии ҳуқуқии расонидашуда, мониторинг гузаронида мешавад. Мониторинги фаъолияти ҳуқуқшинос дар маҳали ҷойгиршавиаш аз ҷониби мутахассисони муассиса гузаронида шуда, тартиби коргузорӣ, дурустии аризаҳои даъвогӣ, аризаҳо, шикоятҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои аҳамияти ҳуқуқӣ дошта, ки ҳуқуқшиносон ба муроҷиаткунандагон таҳия мекунанд, санҷида мешавад. Ғайр аз ин, муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлия дар самти расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон моделҳои гуногуни ёрии ҳуқуқии ройгонро амалӣ карда, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Лоиҳаҳои номбурда 22-юми апрели соли 2020 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

 

NoTorture.Tj