Мониторинг: баҳисобгирии муроҷиатҳо оид ба истифодаи шиканҷа амалӣ карда мешавад

Мониторинг[1]: баҳисобгирии муроҷиатҳо оид ба истифодаи шиканҷа амалӣ карда мешавад

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Мувофиқи нишондоди гузориши мониторинги мазкур, ҷиҳати иҷрои банди 14-и нақша Прокуратураи генералӣ иттилоъ додааст, ки аз рӯи ҳисоботи омории давлатӣ дар фаъолияти прокурор (шакли-“П”) ҳар семоҳа баҳисобгирии омории муроҷиатҳо оид ба истифодаи азобу шиканҷа амалӣ карда мешавад.

- Моҳи ноябри соли 2020 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шуд. Лоиҳа аз ҷониби маъмурияти ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштан фавран ба мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ барои баррасӣ равон намудани шикоятҳои шахсони дастгиршуда ё ҳабсшуда оид ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳамчунин амал ва қарори корманди мақомоти таҳқиқ ва муфаттишро пешбинӣ менамояд,- омадааст дар гузориш.

Банди 15-и нақша бошад, иҷро гардида истода, вобаста ба он лоиҳаи тавқифгоҳи тафтишотии №1 ва муассиса барои адои ҷазои маҳкумшудагони ба низоми махсус ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрумшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи ҶСК «Саноатсоз»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагони Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия карда шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар лоиҳаи сохтмони муассиса барои адои ҷазои маҳкумшудагони ба низоми махсус ва ҷазои якумра аз озодӣ маҳрумкардашуда ба меҳнат ҷалб намудани онҳо ба инобат гирифта мешавад. Шароити адои ҷазо барои маҳкумшудагони ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрумшуда чун қоида дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус муқаррар карда шудааст.

- Бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ба талаботи замони муосир мувофиқ намудани меъёрҳои он аз ҷониби вазорат лоиҳаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида, бо вазорату идораҳо мувофиқа ва ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!  

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj