Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинги такрории тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғ: дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ насб карда шуд
Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии РВКД-и шаҳри Хоруғи ВМКБ 28-29-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд.
Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид шуданд.
Ҳангоми мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ як марди боздоштгардида, ки дар содир намудани ҷиноят мувофиқи моддаи 373-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешуд, қарор дошт.
Таъмири охирини умумӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ дар соли 2017 анҷом дода шудааст.
Қуттӣ барои мактубу шиоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Дар тахитаи иттилоотии долони тавқифгоҳи муваққатӣ овеза бо зикри ҳуқуқҳои боздоштшудаҳо, тартиби рӯз, уҳдадориҳои сардор ва кормандони тавқифгоҳ насб гардидааст. Ҳамаи маълумотҳо бо забони тоҷикиянд. Дар даромадгоҳи камера маълумот оид ба ҳуқуқҳои шахс ҳангоми боздошт насб карда шудааст.
Ба гуфтаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ, дар давраи аз соли 2017 то моҳи августи соли 2018 ҳолатҳои муайян гардидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарордошта вуҷуд надоштааст. Гумонбаршудаи дар камераи №3 қарордошта зикр намуд, ки нисбаташ муносибати бераҳмона ва шиканҷа истифода бурда нашудааст.
Дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои боздоштшудагон 4 камера мавҷуд аст. Дар ҳар як камера 2-тоӣ ҷойхоб дар шакли кати чӯбин вуҷуд дорад. Масоҳати камераҳои №1, 2 ва 4 як хел - 8,75 метри мураббаъ аст. Масоҳати кати чӯбин бошад, 6,25 метри мураббаъ. Майдони бетонии фарши камераҳо 1 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Масоҳати камераи №3 бошад, 12 метри мураббаъ аст.
Ҳолати болор ва деворҳои камераҳо қаноатбахш аст. Ҳар 4 камера дорои тирезаи андозаи 72 см ба 1,10 см мебошанд. Равшанӣ барои озодона хондану навиштан кофӣ аст. Тирезаҳо аз метали пластикӣ сохта шуда, шишаҳояшон пурра аст.
Дар камераҳо розеткаҳо вуҷуд надоранд. Ба гуфтаи кормандон, ба хотири бехатарии боздоштшудагон, истифодаи розеткаҳо қатъиян манъ аст.
Ҳарорати ҳаво дар камераҳо +25+26,5 С ва намнокӣ 30%-35%-ро ташкил медод. Системаи ҳавотозакунӣ вуҷуд надорад.
Дар камераҳо ҷои дастшӯӣ ва оби водопровод мавҷуд нест. Дар камераҳо барои наззораи боздоштшудагон чашмак (глазок) вуҷуд дорад. Тавқифгоҳи муваққатии РВКД дорои 3 камераи назорати видеоӣ аст.
Майдони ҳавлии сайругашт 69 метри мураббаъ аст. Ҳавлии алоҳидаи сайругашт барои ноболиғон вуҷуд надорад. Қисмати болои ҳавлии сайругашт панҷарабандӣ шудааст. Паноҳгоҳ аз боришоту офтоб вуҷуд надорад. Нақшаи сайругашт дар тахтаи иттилоотии долони тавқифгоҳи муваққатӣ насб гардидааст. Дар ҳавлии сайругашт харак ва таҷҳизоти варзишӣ набуд.
Ҳангоми гузаронидани мониторинги тавқифгоҳи муваққатӣ дар соли 2015 дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ вуҷуд надошт, вале баъди тавсияҳои гуруҳи мониторингӣ видеокамераҳо насб карда шуданд.
Ҳоҷатхона бо масоҳати 1,4 метри мураббаъ дар ҳавлии сайругашт ҷойгир аст. Шакли ҳоҷатхона - чуқурии кандашуда буда, он қисман пӯшонида шудааст (девори тунуки қисматкунанда мавҷуд аст, аммо дар нест).
Ҷумаки об ва оби водопровод дар ҳоҷатхона мавҷуд набуда, оби кашонидашуда истифода бурда мешавад. Ҳоҷатхонаи ҳавлии сайругашт ба меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ нест.
Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушӯй вуҷуд надорад. Ба гуфтаи кормандон, дар ҳолати зарурӣ боздоштшудагон аз ҷойи шустушӯйи барои кормандони РВКД таъингардида, ки дар ҳавлӣ ҷойгир аст, истифода мебаранд.
Ҳуҷраи тиббӣ дар дохили бинои РВКД ҷойгир аст. Дар ҳуҷра баъе дастгоҳҳои тиббӣ (тонометр, фонендоскоп, ҳароратсанҷ, инчунин аптечкаи ёрии аввалия) мавҷуданд. Дар девори ҳуҷраи тиббӣ тахтаи иттилоотӣ насб гардидааст, ки дар он маълумот вобаста ба тандурустӣ вуҷуд дорад.
Тавсияҳои гуруҳ:
1. Таъмин кардани қуттӣ барои шикояту пешниҳодот.
2. Беҳтар намудани шароити санитарӣ-гигиенӣ дар ҳоҷатхона ва насби дар.
3. Таъмини шароит барои шустушӯйи боздоштшудагон.
4. Насб кардани дастшӯяк ва оби водопровод дар ҳавлии сайругашт.
5. Овехтани маълумот оид ба ҳуқуқҳову уҳдадориҳои боздоштшудагон ва кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ дар дохили камераҳо.