Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ: шикоят аз муносибати бераҳмона вуҷуд надорад

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатӣ дар шуъбаи милисаи ноҳияи Рушон 25-27-уми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Баъди вохӯрӣ бо сардори ШВКД-и ноҳияи Рушони ВМКБ ва фаҳмонидани мақсади боздид, ба гуруҳи мониторингӣ дастрасӣ ба муассиса таъмин карда шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Ҳангоми мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ ду нафар мард қарор доштанд, ки бо ҷурми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷалб карда шудаанд.

Охирин таъмири умумӣ моҳи марти соли 2018 сурат гирифтааст.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 1 камераи назорати видеоӣ дар даромадгоҳи изолятор мавҷуд аст. Қуттӣ барои мактубу шиоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Дар даромадгоҳи долони тавқифгоҳи муваққатӣ дар девор тахтаи иттилоотӣ насб гардидааст, ки дар он овеза бо ҳуқуқҳои боздоштшудагон, уҳдадориҳои сардор ва кормандони муассиса овехта шудааст. Нақшаи сайругашт овехта нашудааст. Ҳамаи маълумотҳо бо забони тоҷикиянд.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои боздоштшудагон 2 камера мавҷуд аст. Камераҳо аз таъмири умумӣ бароварда шудаанд. Дар ҳар як камера 2-тоӣ ҷойхоб дар шакли кати дуқабата вуҷуд дорад. Масоҳати камераҳо якхела - 14 метри мураббаъ аст. Ҳар як камера барои нигоҳ доштани 2 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамин тавр, барои ҳар нафари нигоҳдоришаванда майдони 7 метри мураббаъ рост меояд, ки ба меъёрҳои дар қонунгузорӣ муқарраргардида ҷавобгӯ аст.

Дар ҳарду камера тиреза мавҷуд нест, вале мӯричаҳо бо андозаи 40 ба 45 см вуҷуд доранд. Мӯричаҳо наванд. Онҳо аз метали пластикӣ сохта шуда, шиша доранд. Азбаски мӯричаҳо хурданд, дар камераҳо равшании муқаррарӣ кофӣ нест.

Дар камераҳо барои наззораи боздоштшудагон чашмак (глазок) вуҷуд дорад.

Ҳангоми наззора ҳарорати ҳаво дар камераҳо +29+29,5 С ва намнокӣ 23%-30%-ро ташкил медод. Системаи ҳавотозакунӣ мавҷуд нест. Ҷумаки об бо оби водопровод ва ҳоҷатхона дар камераҳо вуҷуд надорад.

Дар камераҳо розеткаҳо набуданд, зеро ба гуфтаи кормандон, бо мақсади бехатарии боздоштшудаҳо, истифодаи онҳо қатъиян манъ аст.

Ҳоҷатхона дар шакли чуқурии кандашуда бо масоҳати 1 метри мураббаъ (бидуни девори тунуки қисматкунанда ва дар) дар ҳавлии сайругашт ҷойгир аст. Нафареро, ки дар ҳоҷатхона қарор дорад, аз ҳавлии сайругашт дидан мумкин аст. Ҳангоми мониторинг ҳоҷатхона тоза буд, аммо ҳолати умумии он ғайри қаноатбахш аст. Ҷумаки об ва оби водопровод мавҷуд нест. Ҳангоми истифодаи ҳоҷатхона оби кашонидашда истифода бурда мешавад.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷои шустушӯй вуҷуд надорад. Ба гуфтаи кормандон, дар ҳолати зарурӣ боздоштшудагон аз ҷои шустушӯе, ки барои кормандони ШВКД пешбинӣ гардидааст, истифода мебаранд.

Майдони ҳавлии сайругашт 25 метри мураббаъ аст. Ҳавлии алоҳидаи сайругашт барои ноболиғон вуҷуд надорад. Болои ҳавлии сайругашт бо арматура панҷарабандӣ ва бо шифер пӯшонида шудааст, ки барои паноҳ ёфтан аз боришоту офтоб имконият фароҳам меорад. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, нақшаи сайругашт мавҷуд аст, аммо он ба гуруҳ нишон дода нашуд.

Харакҳо ва таҷҳизоти варзишӣ вуҷуд надоранд. Дар ҳавлии сайругашт камераи назорати видеоӣ мавҷуд нест.

Ба гуфтаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ, дар давраи аз соли 2017 то моҳи августи соли 2018 ҳолати муайян гардидани ҷароҳати ҷисмонӣ дар нафарони нигоҳдоришаванда вуҷуд надоштааст.

Дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббиро табибони «Ёрии таъҷилӣ» мерасонанд, зеро ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Кормандони пурсидашуда хоҳиш карданд, ки оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва стандартҳои байналмилалии муносибат бо боздоштшудаҳо семинару тренингҳо гузаронида шаванд.

Тавсияҳо:

1. Аз рӯи имконият, нафароне, ки адои ҷазои маъмурӣ мекунанд, дар ҷойҳое нигоҳдорӣ карда шаванд, ки барои гумонбарон дар содир кардани гуноҳҳои ҷиноятӣ пешбинӣ нагардидаанд.

2. Таъмин кардани камераҳо бо тирезаи калон, ба хотири ворид шудани равшании муқаррарӣ.

3. Таъмин намудани қуттӣ барои шикояту пешниҳодот.

4. Омода ва тасдиқ намудани нақшаи сайругашт.

5. Беҳтар намудани шароити санитариву гигиенӣ дар ҳоҷатхона ва часпонидани дар дар он.

6. Насби камераи назорати видеоӣ дар ҳавлии сайругашт.