Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ

12 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии гуруҳи кории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зери унвони «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» бо ҳуқуқшиносон, намояндагони шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба таъғироти милитсия,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фондҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ пешниҳод намудани иттилоъ оид ба фаъолияти Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон (Эътилоф) ва паҳн намудани маълумоти зарурӣ барои муроҷиат ҳангоми рӯбарӯ шудан бо шиканҷа буд.

«Яке аз дигар вазифаҳои ин вохӯрӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкорӣ миёни гуруҳи ёрии ҳуқуқӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар мубориза бо шиканҷа, инчунин ҷалби ҳуқуқшиносони ин минтақа барои ҳамкорӣ бо Эътилоф аст», -гуфт Наҷиба Ширинбекова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» ва роҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилоф.

Дар оғоз барои шиносоии иштирокчиён бо кори Эътилоф филми ҳуҷҷатӣ намоиш дода шуда, баъдан оид ба фаъолияти гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилоф - самтҳои асосии фаъолият, намудҳои хизматрасони ва марҳилаҳои он ба штирокчиён маълумоти пурра пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ директори ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» Дилрабо Самадова оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ гуфта гузашта, қайд намуд, ки дар солҳои охир шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ зиёд дида мешавад.

«Мутаассифона, дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ шиканҷа ва дигар муносибати паст занандаи шаъну шарафи инсонӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ, ба хусус, навдаъватшудагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба чашм мерасад. Наворҳои видеоӣ ва муроҷиати наздикони наваскарон исботи ин гуфтоҳоянд. Дар соли 2015 дар натиҷаи кори ташкилоти мо оид ба 15 чунин ҳолат парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шуданд, ки дар ҷараёнанд», - гуфт Д.Самадова.    

Мавриди зикр аст, ки дар раванди чорабинӣ ба иштирокчиён инчунин оид ба барқарорнамоии ҳолати руҳӣ ва равонии ҷабрдидагони шиканҷа ва Протоколи стамбулӣ маълумот дода шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ намояндагони Эътилоф ба суолҳои ҳозирин оид ба самти фаъолият, нақшаҳои оянда ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо Эътилоф посух дода, ҳамзамон маводҳои чопии иттилоотӣ барои паҳн намудани маълумот оид ба мубориза бо шиканҷа ва муҳимияти нақши ҳар як шаҳрванд дар пешгирии он, тақсим карда шуд.

NoTorture.Tj