«Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо»: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи Суди конститутсионии ҶТ Фотеҳ Қувватзода рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ дар конфронси «Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо» изҳор дошт, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя ва татбиқи бевоситаи Конститутсияро таъмин мекунад.

Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, Суди конститутсионӣ дар мавриди озодӣ аз шиканҷа се самтро риоя мекунад: бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон - Конститутсияи кишвар истифодаи шиканҷаро манъ мекунад, бо мақсади таъмини волоияти Конститутсия - ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҶТ амалкунанда бояд ба Конститутсия мувофиқат кунанд, бо мақсади таъсири мутақобилаи Конститутсия - агар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмуъ ё моддаҳои алоҳидаи он аз ҷониби Суди конститутсионӣ номутобиқ ба Конститутсия эътироф шуда бошанд, аз ҷумла агар дар онҳо асос барои истифодаи шиканҷа муаяйн гардида бошад, қувваи ҳуқуқии худро гум мекунанд ва минбаъд мавриди татбиқ қарор намегиранд.

Қувватзода дар суханронии худ аз қазияи Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 гӯиё бар асари шиканҷа ҳангоми боздошт даргузашт, ёдовар шуд. Ба падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев ва ҳамчунин вакилони мудофеъ ҳудуди ду сол имкони омӯзиши маводи парвандаи ҷиноятӣ дода нашуд. Сабаб меъёри қонунгузорӣ буд, ки шинос шудани ҷабрдида ё намояндаи ӯро бо маводи парвандаи ҷиноятӣ манъ мекунад.

Соли 2012 вакилони оилаи И. Бобоевҳо ба Суди конститутсионии Тоҷикистон муроҷиат карда, дархост намуданд, ки банди 8, қисми 2, моддаи 42-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, ки ҳуқуқи ҷабрдидаро маҳдуд мекунад ва бо ду моддаи Конститутсия - моддаи 17 (Дар назди қонун ҳама баробаранд) ва моддаи 21 (Қонун ҳуқуқҳои ҷабрдидаро ҳифз мекунад. Давлат ба ҷабрдида ҳимояи судӣ ва ҷуброни зарари ба ӯ расидаро кафолат медиҳад) мухолифат дорад, эътироф карда шавад.

Аммо 15-уми майи соли 2012 зимни мурофиаи кушодаи судӣ Суди конститутсионӣ дар ин меъёри Қонун ҳеҷ гуна мухолифат бо Сарқонунро ошкор накард.

Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.

Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.

Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

NoTorture.Tj