"Муҷозоти" кормандони пулиси Исфара дар пайи марги Умед Тоҷиев

Муъовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъулони ин ниҳод дар робита ба марги Умед Тоҷиев ва ангезаҳои он дар бахши пулис дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, таҳқиқоти хидматӣ анҷом додаанд.

Абдураҳмон Бузмаков гуфт, ки ин иқдом бо дастури вазири ин ниҳод анҷом ёфта ва дар натиҷа яке аз яке аз кормандони масъули ин бахш аз симаташ барканор шудааст.

Ҳамчунин оқои Бузмаков афзуд: "Муъовиони бахши пулис дар ноҳия ва шӯъбаи таҳқиқоти ҷиноии пулиси Исфара танбеҳ шуданд ва ҳамчунин ба муъовини бахши корҳои дохилаи ноҳия ҳушдор дода шуд."

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз афроди огоҳ аз қазия кормандони бахши пулис дар ноҳияи Исфара ҳамчунон дар вазоифашон фаъъолият доранд ва ҳеҷ муҷоззотеро нагирифтаанд. Аммо оқои Бузмаков дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод дар рӯзи душанбеи 27 январ ин иддаъоро бепоя хонд.

Умед Тоҷиев, як узви фаъъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 19 январ дар бемористони Идораи назорат бар иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар вилояти Суғд даргузашт. Вай 30 октябри 2013 тавассути маъмурони пулиси Исфара боздошт шуда буд. Аммо муддати зиёде нагузашта, гузориш шуд, ки ӯ худро аз сохтмони идораи пулис ба зер андохтааст.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ ва пайвандонаш, маъмурони пулис ӯро ба иттиҳоми терурисм боздошт карда буданд ва барои гирифтани иқрори бардурӯғ ӯро ҳадафи шиканҷа ва лату кӯби шадид қарор додаанд.

Дар асари шиканҷаи зиёд Умед Тоҷиев ӯ водор шудааст, ки худро аз табақаи севуми сохтмони пулис ба зер андозад ва дар натиҷа, ду пояш шикаста ва ҷароҳоти сангини дигаре бардоштааст.

Ҳафтаи гузашта созмони Афви Байналмилал дар вокуниш ба марги вай пас аз боздошт аз сӯйи пулис дар шимоли Тоҷикистон хостори 'таҳқиқи сареъ, мунсифона ва мустақилли' ин ҳодиса шуда буд.

Дар Тоҷикистон дар гузашта низ масъалаи даст задани мамъмурони пулис ба истифода аз шиканҷа матраҳ буд.

Ҳарчанд масъулони пулис, имрӯз дар нишасти матбӯъотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар соли 2013 беш аз 50 нафар аз кормандони ин вазорат барои даст доштан дар ҷароими мухталиф боздошт шудаанд. Аммо онҳо нагуфтаанд, ки чанд нафар аз ин афрод барои истифода аз шиканҷа муҷоззот шудаанд.

Ҳамчунин Абдураҳмон Бузмаков, муъовини вазири кишвари Тоҷикистон гуфт, ки ҳарчанд мизони содир кардани ҷурм аз сӯйи кормандони пулис дар соли 2013 дар муқоиса бо соли пеш коҳиш ёфта, вале вай афзуд, ки ин падида ба эътибори пулис таъсири ногуворе мегузорад.

Дар соли сипаришуда ҳамчунин беш аз ду ҳазор корманди пулис дар сартосари Тоҷикистон ба далели нақзи муқаррароти хизмат дар суфуфи пулис ва нақзи қонун муҷоззотҳои идорӣ шудаанд.

Би-би-сӣ