Мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев ду сол тӯл мекашад

Мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев ду сол тӯл мекашад

Раёсати Бемористони Ибни Сино зимни як баёния гуфтааст, ки пизишкони ин бемористон сарбоз Шаҳбол Мирзоевро дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон ташхис карда ва назари худро дар мавриди тӯлонӣ будани мудовои ин сарбоз иброз доштаанд.

Гуфта мешавад, Шаҳбол Мирзоев, ки бар асари лату кӯб аз ҷониби сарбозони дигар дар воҳиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар 8 марти соли ҷорӣ ҷароҳати сангин бардошта ва сутунмӯҳрааш шикастааст, бояд дар зудтарин фурсат ҷарроҳӣ шавад.

Пизишкони эронии Бемористони Ибни Сино гуфтаанд, ки оқои Мирзоев "ба ҷарроҳии бози ҷобаҷокунии мӯҳраи қисмати гардани сутунмӯҳра ва мустаҳкам кардан ба лавҳа (КОGE)" ниёз дорад.

Дар баёнияи ин бемористон омадаст: “Чунин тасаввур, ки бемор баъд аз ин ҷарроҳӣ дафъатан ба по мехезад ва ба зиндагии фаъол бармегардад, дуруст нест. Ҷароҳати бардоштаи ӯ вазнин ва дар ноҳияи ҳассос аст ва раванди сиҳат ёфтанаш метавонад то ду сол идома ёбад.”

Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев бо ширкати пизишкони эронӣ дар Бемористони Ибни Сино 56 ҳазор сомонӣ ё беш аз 9 ҳазор юру ҳазина хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки арзиши чунин ҷарроҳӣ дар бемористонҳои кишварҳои урупойӣ болиғ ба 60 ҳазор юру арзёбӣ мешавад.

Зимнан, Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфтааст, қасд дорад ба хотири пайдо кардани ҳазинаи зарурӣ барои мудови писараш манзили маскунии худ дар рустои Понғози ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистонро бифурӯшад.

Зеро бо вуҷуди ваъдаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ҳол ҳеч гуна маблағе барои мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев тахсис нашудааст. Ба муроҷиъати Нӯъмон Мирзоев ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури кумаки молӣ низ ҳанӯз посухе дарёфт нашудааст.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола шаби 8 марти соли ҷорӣ дар воҳиди низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакии ин кишвар аз ҷониби ҳамхидматҳояш лату кӯб шуда ва дар Маркази миллии тиббии ин кишвар дар шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.

Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз карда ва сарбоз Усмон Ғайратов ба унвони омили лату кӯб боздошт шудааст.

ВВС