Муколамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оиди химоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Точикистон

Душанбе, 18 октябр – дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии муҳиме баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Муколамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳкими ҳамкориҳо ва таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ намояндагони мақомотҳои калидии давлатӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупоро сарҷамъ намуд.

Чорабинии мазкур як қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат буд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати адлия ва Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, инчунин коршиносони байналмилалӣ, аз қабили аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Зеркумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии шиканҷа ширкат доштанд. Ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ, бо вуҷуди пешрафтҳои муайян, мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли 2023 дар кишвар чанд ҳолати муносибати бераҳмона дар ҷойҳои боздоштгоҳ сабт шудааст, ки зарурати андешидани чораҳои қатъӣ дар ин самтро тасдиқ мекунад.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва ҳамчунин лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ: тадқиқот, муколама ва баланд бардоштани огоҳӣ», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Идораи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.

Муколама ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шудааст. European Union in Tajikistan Embassy of Canada in Central Asia

#EU #CFLI #Dialogue #CSO #State #HumanRights #TorturePrevention