Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи майи соли равон дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/10-и СРИҶҶ ВА ҶТ аз ҷониби намояндагони Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи татбиқи стратегияҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои қабулшуда, аз ҷумла Барномаи беҳтар намудани вазъи саломатӣ ва тарбияи касбӣ миёни кормандони муассиса ва қишри махсус, бахусус занон вохӯрӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Зимни суханрониҳо дар ин вохӯрӣ ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, такроран содир намудани ҷиноят ва офиятбахшии иҷтимоӣ-равонӣ дахл карда шуд.
Инчунин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ки ба беҳбуди шароити нигоҳдорӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои офиятбахшӣ равона карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва таҷрибаи пешқадам дар раванди мутобиқгардонии иҷтимоии маҳкумшудагон, ки ба бомуваффақият ба ҷамъият баргаштани онҳо ва паст шудани сатҳи такрори ҷиноят мусоидат мекунад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ", узви Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон