Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муноқишае хабар дод, ки бо кордзанӣ анҷом ёфтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, “Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110, қисми 1 (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнини барои ҳаёти инсон хавфнок)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович (02.02.1999 соли таваллудаш) ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол намуда буд».
- Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Ш. Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст. Чунончи, 16-уми августи соли 2021 тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 45045 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст. Дар рафти муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кардааст.