Муносибат ба ҳифзи саломатӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ муборак!

Ҳамасола 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ки ба зодрӯзи олими тоҷику форс, файласуф ва табиби машҳур Абӯалӣ ибни Сино бахшида шудааст, таҷлил мегардад.
Роҳбари ТҶ «Солимии ҷомеа ва ҳуқуқи инсон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Таҳмина Саидова чунин мешуморад, ки фаҳмиши солимӣ ба ҳайси яке аз ҳуқуқҳои инсон бар дӯши давлат уҳдадории ҳуқуқиро мегузорад, то дастрасӣ ба кӯмаки саривақтӣ, қобили қабул, ёрии тиббии босифату аз ҷиҳати арзиш дастрас, инчунин воситаҳои мувофиқ барои саломатӣ, минҷумла оби нӯшидании бехатар, шароити санитарӣ, маҳсулоти хӯрока, манзил, иттилооти марбут ба саломатӣ ва баробарии гендериро таъмин намояд.
«Муносибат ба ҳифзи саломатӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон тақозо мекунад, ки сиёсат ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ ба ниёзҳои он нафароне таваҷҷуҳи бештар диҳанд, ки дар интиҳои роҳ барои таъмини адолат қарор доранд. Ин принсип дар Рӯзномаи рушди устувор дар давраи то соли 3030, ки пештар қабул гардид ва дар доираи фарогирии хизматрасониҳои тиббӣ инъикос ёфтааст»,- гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, истифода аз ҳуқуқ ба тандурустӣ ҳангоми набудани табъиз дар асоси нажод, синну сол, баромади қавмӣ ё ягон ҳолати дигар зарур аст. Таҳмина Саидова ба ин бовар аст, ки «бо риояи принсипҳои ѓайритабъизӣ ва баробарӣ, давлатҳо бояд барои ислоҳи дилхоҳ қонун, таҷриба ва сиёсати табъизӣ чора андешанд».
Эътилоф аллакай чанд сол боз аз Протоколи Истамбулӣ барои ташхиси самараноки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷаву муносибатҳои бераҳмона дар Тоҷикистон истифода мебарад, барои кормандони соҳаи тандурустӣ тренингҳо мегузаронад, то одамони хилъати сафед ба бар, ки барои мизоҷон - қурбониёни шиканҷа рамзи умед, ёрмандӣ ва сабуксозии дард ба шумор мераванд, ба чунин ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи инсон вокуниш нишон диҳанд.
Фикр мекунем, ки имрӯз на танҳо дар самти ҳифзи саломатии одамон, балки дар рушди ҳуқуқи инсон низ бисёр чиз аз касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ вобаста аст.
Эътилоф кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон аз самими қалб табрик мегӯяд ва ба онҳо хушбахтӣ, саломативу муваффақият хоҳон аст!

NoTorture.Tj