Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Покизамоҳ Иқболшоева, модари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки аз охири моҳи июл то кунун дар тавқифгоҳи КДАМ нигоҳдорӣ мегшавад, ба Прокурори генералӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар шикоят бурд.
«Ҳангоме ки ба ман вохӯрӣ бо писарамро иҷозат доданду ман бо Шерик вохӯрдам, дар ӯ ошкоро осори латукӯб ба мушоҳида расид, зеро сараш бо дока баста шуда, ман дарк намудам, ки ӯро мавриди латукӯб қарор додаанд. Ҳангоми вохӯрӣ корманди милиса низ ҳузур дошт ва писарам дар назди ӯ худро нороҳат ҳис карда, ҳақиқати ҳолро ба забон наовард. Ба суоли ман, ки чаро ӯ дар чунин ҳол аст, ӯ гуфт, аз афтидан ба ин аҳвол расидааст, вале осори ҷароҳате, ки дар ӯ ҳувайдо буд, ба ҷароҳати шахси афтода монанд нест», - менависад дар муроҷиати худ Иқболшоева.
Ба гуфтаи вай, ҳудуди ду моҳ ӯ ва ҳимоятгарони Шерик Карамхудоев ба вохӯрӣ бо ӯ дастрасӣ надоштаанд. «То ҳанӯз ба вохӯрии ҳимоятгарон Бузургмеҳр Ёров, Бобохон Яқубов ва Зебо Қосимова бо зерҳимояашон иҷозат надодаанд. Ҳимоятгарон ба унвони муфаттиш, сардори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ҳодисаҳои Хоруғ ва Прокурори генералии ҶТ барои иҷозати вохӯрӣ чор дархост фиристоданд, вале сарфи назар аз иҷозати муфаттиш ва Прокурори генералӣ, роҳбарият ва кормандони тавқифгоҳи КДАМ вохӯрии ҳимоятгарон ва наздикон бо Шерик Карамхудоевро рад намуданд», - мегӯяд Иқболшоева.
«Барои рафъи гумону шубҳаҳо бобати афтидан ё лату кӯб шудани писарам ман ба шумо баро кӯмак муроҷиат менамоям. Аз шумо дархост менамоям, ки ба вохӯрии писарам бо кормандони мақомоти дахлдор ҷиҳати муайян кардани сабаби осори ҷароҳатҳо ва иҷозати дидори ҳимоятгарон бо ӯ мусоидат намоед», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Модари Шерик Карамхудоев ва ҳамсари ӯ Манижа Шаҳбозбекова ҳамчунин ба намояндагии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон барои мусоидат ба вохӯрии ҳимоятгарон бо ӯ, расонидани кӯмаки зарурии тиббӣ ва таъмини рафтори инсонӣ мутобиқи қонунгузории ҶТ ва санадҳои байнулмилалӣ дархост равона карданд.
Ёдрас мекунем, ки Шерик Карамхудоев санаи 24-уми июл зимни амалиёти махсуси низомии нерӯҳои ҳууматӣ дар Хоруғ бедарак шуда, танҳо 8-уми август маълум шуд, ки ӯ дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Бино ба маълумоти пешакии ҳимоятгарон, ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 187 (Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва 195 (Ғайриқонунӣ расонидан, ҷойгир намудан, ба кор андохтан ё тарконидани воситаи тарканда ё воситаи дигари марговар)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии ҶТ дар иттилоияи санаи 29-уми август интишорнамудааш Шерик Карамхудоевро ба муқовимати мусаллаҳона алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ ҳангоми рӯйдодҳои Хоруғ гунаҳкор кард.