Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Муҳтарам Рустам Шоҳмурод,
Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамоянд ва барои ҳамкориҳои самарабахш миннатдории беандозаи худро баён месозанд.
Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амалияи мусбии вазорат вобаста ба мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода шудани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ алоқамандӣ доранд баҳои баланд медиҳад. Муҳокимаи лоиҳаи Қонун дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар соли 2015 ва ҳамкорӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба дар амал татбиқ намудани тағйироту иловаҳои воридгардида намунаи ҳамкориҳои судманд буд.
Дар оғози соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти таҳия намудани лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ» анҷом медиҳад. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ танҳо намояндагони вазорат шомиланд.
Мо боварӣ дорем, ки ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун имкон фароҳам меорад, то ки пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба такмили лоиҳаи қонун аз нуқтаи назари стандартҳои байналмилалӣ оид ба озодии иттиҳодияҳо, таҷрибаи мусбии дигар кишварҳо ва таҷрибаи фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шаванд.
Бинобар суханони дар боло зикршуда, аз Шумо хоҳиш менамоем, то ки ба мо имконияти бо лоиҳаи қонун дар бораи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, инчунин бо иттилооти марбут ба дигар иқдомҳои вобаста ба такмили қонунгузорӣ дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ дода шавад, аз ҷумла муҳокимаи муштараки лоиҳаи мазкур бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри душанбе, агар имконпазир бошад инчунин дар минтақаҳо баргузор карда шавад. Дар ҳолате, агар ҷараёни таҳияи лоиҳаи қонун идома ёфта истода бошад, хоҳиш менамоем намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун қабул карда шаванд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон эҳтироми худро ба Вазорати адлия изҳор менамоянд ва ба ҳамкориҳои судманди минбаъда умедворем.
Ба сифати шахси масъул дар мукотибот аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон», Директор, Нурмаҳмад Халилов баромад мекунад (почтаи электронӣ - hrc.tajikistan@gmail.com, телефони корӣ (992 37) 2 27 51 87).
Бо эҳтиром,