Мутобиқсозии маҳкумшудагон тавассути таҳсилоти касбӣ дар системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳбас-ЭКСПО

17-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Серена» дар мавзуи «Мутобиқсозии маҳкумшудагон тавассути таҳсилоти касбӣ дар системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳбас-ЭКСПО» мизи мудаввар баргузор мегардад.

Маълумоти муфассал бо нишонии: https://hrc.tj/archives/4258

Мизи мудаввар аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон - Swiss Cooperation - Tajikistan, Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ), Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои миллии Олмон (DVV International) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ташкил карда шудааст.

ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»