Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз масъалаҳои ҳассостарин дар самти адолати судии ҷиноятӣ боқӣ мемонад. Хатари баланди нақзи ҳуқуқи инсон дар марҳилаҳои аввали боздошт - дар лаҳзаи маҳрумияти воқеӣ аз озодӣ, интиқол ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва гузаронидани амалиёти ибтидоии тафтишотӣ ба миён меояд. Маҳз дар ҳамин давра хатари фишор, таҳдид ва маҷбур кардан ба нишондоддиҳӣ афзоиш меёбад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои ҳуқуқиеро муқаррар мекунад, ки ба ҳимояи боздоштшудагон нигаронида шуда, миёни онҳо иштироки адвокат нақши муҳим дорад.
Кафолатҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқ ба ҳимоя
Дар моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ муқаррар шудааст, ки ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ қарор гирад. Мувофиқи моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахс аз лаҳзаи боздошт ҳуқуқ дорад аз хизматрасонии адвокат истифода барад.
Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои мушаххаси татбиқи ҳуқуқи конститутсионӣ ба ҳимояро пешбинӣ мекунад. Масалан, дар банди 4-и моддаи 46-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи гумонбаршуда барои мулоқоти як ба як ва ба таври махфӣ бо ҳимоятгар то пурсиши аввал муқаррар шудааст.
Ин меъёр аҳамияти принсипиалӣ дорад: иштироки адвокат то гузаронидани амалиёти тафтишотӣ хатари истифодаи усулҳои ғайриқонунии таъсиррасониро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Мустақилияти адвокат ва ваколатҳои ӯ
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои адвокат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» муқаррар шудаанд. Қонун муқаррар мекунад, ки адвокат дар анҷом додани фаъолияти касбияш мустақил буда, ҳуқуқ дорад бо зерҳимояи худ бемамониат мулоқот намояд.
Ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва бемамониат механизми калидии пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Дар соатҳои аввали пас аз боздошти воқеӣ шахс аксар вақт дар изолятсия қарор мегирад, аз ҷиҳати равонӣ осебпазир ва пурра аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста аст. Дар чунин шароит адвокат кафили асосии ҳимояи ҳуқуқҳои ӯ мегардад.
Дар марҳилаи аввали боздошт адвокат:
- мавҷуд будани асосҳои қонунии боздошт ва риояи муҳлатҳои мурофиавиро месанҷад;
- ҳуқуқи бар зидди худ нишондод надоданро мефаҳмонад;
- дар сурати мавҷуд будани нишонаҳои ҷароҳати ҷисмонӣ гузаронидани шаҳодаткунонии тиббиро талаб менамояд;
- аз амалҳои ғайриқонунии шахсони ваколатдор ба прокуратура ё суд шикоят мекунад;
- дар сурати гумон бурдан аз мавҷудияти шиканҷа муроҷиатро ба мақомоти прокуратура равона месозад, ки барои гузаронидани санҷиши дахлдор масъуланд.
Ҳузури адвокат дар марҳилаи аввали боздошт кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба интизом медарорад ва хатари фишор ба боздоштшударо кам мекунад.
Стандартҳои байналмилалӣ
Кафолатҳои ҳимоя аз шиканҷа на танҳо дар қонунгузории миллӣ, балки дар санадҳои байналмилалӣ низ муқаррар шудаанд.
Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо давлатҳоро уҳдадор мекунад, ки барои пешгирии шиканҷа чораҳои муассири қонунӣ, маъмурӣ ва судӣ андешанд.
Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ манъи шиканҷаро муқаррар карда, инчунин ҳуқуқи ҳар як шахсро ба мурофиаи одилонаи судӣ ва дарёфти ёрии ҳуқуқӣ кафолат медиҳад.
Меъёрҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ манъи мутлақи шиканҷаро муқаррар мекунанд. Аммо, дар амал, хатари бештари истифодаи он махсусан дар соатҳои аввали пас аз боздошт ба миён меояд. Аз ин рӯ, таъмини дастрасии саривақтӣ ба адвокат яке аз кафолатҳои калидии пешгирии қонуншиканӣ ба шумор меравад.
Ҳимояи гурӯҳҳои осебпазир
Адвокат дар ҳимояи ин гурӯҳҳои осебпазир нақши махсус мебозад: ноболиғон, занон, шахсони дорои маъюбият ва онҳое, ки забони мурофиаи судиро намедонанд. Барои ин гурӯҳҳо хатари фишор ва манипулятсия баландтар аст, ки ин ёрии касбии ҳуқуқиро дар марҳилаҳои аввали боздошт ба кафолати зарурии ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо табдил медиҳад.
Мавқеи фаъоли адвокатҳо, шикоят аз амалҳои ғайриқонунӣ, шарҳи санҷишҳо ва истисно кардани далелҳое, ки таҳти фишор ба даст оварда шудаанд, ба таҳкими волоияти қонун ва афзоиши эътимод ба адолат мусоидат мекунанд.
Хулоса
Дар мурофиаи ҷиноятӣ адвокат на танҳо ҳамчун ҳимоятгари шахси мушаххас, балки чун як институти муҳими таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад.
Ёрии саривақтӣ ва бемамониати адвокат дар марҳилаи боздошт механизми муассири пешгирии шиканҷа, таъмини риояи кафолатҳои конститутсионӣ, уҳдадориҳои байналмилалӣ ва принсипҳои одилона мебошад.