Намояндагони Эътилоф бо ММП «Омбудсмен+» шинос шуданд

Аз 28-уми август то 1-уми сентябр аъзои Гуруҳи кории Омбудсмен ва гуруҳи мониторингии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои омўхтани таҷрибаи Ҷумҳурии Словения дар мавриди таҳияву пешбурди Механизмҳои миллии пешгирикунанда (ММП) аз ин кишвар дидан намуданд. 

Интихоби ин кишвар аз рўи модели ММП-и дар он қабулшуда, бахусус модели ММП «Омбудсмен+» сурат гирифтааст. Гуруҳи мониторинги пилотӣ дар Тоҷикистон ҳам дар доираи модели «Омбудсмен+» ташкил шудааст.

Тўли панҷ рўз ҳайати Тоҷикистон, ки аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, парлумон, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати адлия, доираҳои академӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иборат буд, таҳти роҳбарии Омбудсмен Зариф Ализода таҷрибаи таҳияву амалисозии ММП дар Словенияро омўхтанд.

Дар рўзи аввали сафар ҳайат бо ҷонишини Омбудсмени Словения Иван Шелих вохўрда, бо кори Институти ҳимояи ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), бо самти фаъолияти он, аз ҷумла бо фаъолияти ҳамоҳангшудаи ММП шинос шуд. Словения Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа (ПИ КЗШ)-ро соли 2006 тасдиқ кардааст. Протоколи иловагӣ ба қувваи қонун даромад ва аз ҳамон лаҳза амали ММП ба роҳ монда шуд. Ҳайат бо тартиби ташкили гуруҳи мониторингӣ, бо уҳдадориҳо ва шаклҳои асосии фаъолияти он, инчунин бо тартиби сарпарастии ин механизм шинос гардид.

Дар рўзи дуюми сафар ҳайати Тоҷикистон аз яке аз бузургтарин тавқифгоҳҳои муваққатии Словения (Марказ барои боздоштшудаҳо) дидан намуда, бо сардори ин муассиса Эдо Бехличем ва роҳбари бахши ваколатҳои полис ва пешгирӣ Роберт Ферентс, ки дар бораи таърихи Марказ барои боздоштшудаҳо, оид ба санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияташон ва уҳдадориҳои Марказ нақл кард, вохўрд. Баъд аз ин гуруҳ имконият ёфт, ки ба тавқифгоҳи муваққатӣ ворид гардида, бинои онро бевосита наззора кунад. Аз ҷумла, ҳайат бо шароити нигоҳдории боздоштшудаҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, бо тартиби системаи назорати видеоӣ дар муассиса шинос шуда, аз камераҳо барои боздоштшудаҳо, қитъаҳои сайругашт, ҳоҷатхонаҳо ва дигар биноҳои тавқифгоҳи муваққатӣ дидан кард.

Рӯзи дигари сафар ҳайати Тоҷикистон ба маҳбаси бузургтарин дар деҳаи Добб ташриф овард. Ҳайатро директори маҳбас Боен Матсен ва Лютсия Божиков аз Раёсати генералии зиндонҳои Словения пешвоз гирифтанд.

Ба ҳайат оид ба ҳамкории Раёсати генералии зиндонҳо бо институти Омбудсмен ва ММП, аз ҷумла дар бораи тайёр намудани ҳисобот ба ММП ва дар бораи зиндон маълумоти мухтасар доданд.

Баъдан ҳайат бевосита аз маҳбас дидан намуда, бо шароити боздошт, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маҳбусон, низом ва реҷаи ҳаррӯза, ҳуҷраҳои маҳбусон, ҳуҷраҳои хоҷагидорӣ, майдончаҳои сайругашт, системаи назоратӣ ва ҳуҷраҳои махсуси ҷудогона шинос шуданд.

Дар ҳудуди зиндон биноҳои даврони шӯравӣ сохта шуда, инчунин биноҳои муосири мутобиқ ба меъёрҳои муосири байналмилалӣ ҷойгир мебошанд. Ҳайат имконият дошт, ки аз ҳарду биноҳо дидан карда, фарқиятро бо чашми худ бинад.

Рӯзи чоруми сафар ҳайат бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлия мулоқот карда, оид ба тақвияти стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва татбиқи тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Словения гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳайат бо намояндагони ду созмон аз ҳашт созмони ҷамъиятии аъзои ММП - Институти сулҳ ва PIC ва бо директоронаш Незой Коговшек Саламон ва Катарина Бервар мулоқот карданд. Онҳо дар бораи нақши ТҒД ҳамчун аъзои ММП, фаъолият, тартиб ва иштирокашон дар ин механизм нақл карданд.

Зикр гардид, ки ТҒД - манбаи иттилоотӣ-таҳқиқии муътамад барои  идораи Омбудсмен буда, барои гузаронидани таҳқиқоти ҳаматарафа зарур аст.

Дар рӯзи охирини сафар ҳайат ба муассисаи равонӣ дар шаҳри Храстоветс рафта, бо шароити беморони руҳӣ, бо раванди барқарорсозӣ дар муассиса, ки бо ҳамкории Дафтари Ваколатдор ва ММП гузаронида мешавад, шинос шуданд. Ҳайат ба сафари омӯзишӣ ба Словения баҳои баланд дода, нақша доранд, ки пешниҳодҳо ва тавсияҳоро омода ва ба  ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд, ки Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи мусбати Словения истифода барад.

Маълумот: Дар Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 дар назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Гуруҳи мониторингӣ оид ба боздид аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таъсис ёфтаву амал мекунад. Инчунин, Гуруҳи корӣ оид ба пешбурди Протоколи иловагӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа (ПИ КЗШ) таъсис дода шудааст. Гуруҳи мониторингӣ бо дастури Ваколатдор оид ба ҳуқуқим инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар асоси Низомнома фаъолият мекунад. Ба ҳайати Гуруҳи мониторингӣ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва ТҶ «Авеста» дохил мешаванд.

NoTorture.Tj