Насби дурбинҳои мадорбаста дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев

Насби дурбинҳои мадорбаста дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев

Дар маҳалли хидмати Шаҳбол Мирзоев, сарбози осебдида аз лату кӯби ҳамсафонаш, ки номаш тайи моҳҳои ахир забонзади расонаҳост, дурбинҳои мадорбаста насб шудааст.

Ба гуфтаи як сарбози ягони низомие, ки оқои Мирзоев дар он ҷо хидмат мекард, феълан дар гӯшаҳои мухталифе аз ин ягон (част)-и низомӣ дурбинҳои мадорбаста насб шудаанд ва фармондеҳон метавонанд фаъолияти сарбозонро пайваста зери назар дошта бошанд.

Ин манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, афзуд, ки баъд аз ҳодисаи латукӯби Шаҳбол Мирзоев бахши аъзаме аз фармондеҳони ин ягони низомӣ барканор ва афроди дигаре ҷойгузини онҳо шудаанд. Аз ҷумла, пизишкони ҳирфаӣ барои мудовои сарбозону афсарон дар ин ҷо истихдом шудаанд.

Шаҳбол Мирзоев, ки соли гузашта довталабона баъд аз фориғ шудан аз Донишгоҳи Хуҷанд ба хидмати сарбозӣ эъзом шуда буд, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар яке аз ягонҳои низомии Кумитеи марзбонии Тоҷикистон мавриди латукӯби ҳамсафонаш қарор гирифт.

Муддате оқои Мирзоев дар бемористоне дар Душанбе низ бистарӣ шуд. Вале дар ниҳоят падараш водор шуд, ки манзили худ дар ноҳияи Аштро ба фурӯш гузошта ва бо пули он писарашро барои мудово ба Русия барад.

Ҳарчанд мақомоти Кумитеи марзбонии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки махориҷи мудовои оқои Мирзоевро пардохт хоҳанд кард, вале ба гуфтаи пайвандонаш, то ҳол ин ваъда иҷро нашудааст.

Шаҳбол Мирзоев, ки сутуни фақарот (сутунмуҳра)-аш шадидан осеб дида ва дасту поҳояш аз ҳаракат бозмонда буданд, дар яке аз бемористонҳои вилояти Маскав амал шуд. Сипас вай муддате дар бемористонҳои шаҳри Хуҷанд мудово шуд ва ба гуфтаи падараш, феълан вазъаш беҳтар шуда ва дасту поҳояш ба ҳаракат даромадаанд. Вале ӯ то ҳол ба таври мустақил қадам гузошта наметавонад.

Шаҳбол Мирзоев соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд ва барои тамоми умр маълул гаштаастДар ҳамин ҳол, манобеъи Кумитеи марзбонии Тоҷикистон ҳозир ба шарҳи мавзӯъи насби дурбинҳо дар ягони низомие, ки дар он Шаҳбол Мирзоев хидмат мекард, нашуданд.

Вале Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки насби дурбинҳо дар чорчӯби як мусаввабаи давлат сурат мегирад, ки соли гузашта имзо шуда буд.

Вай афзуд: "Ин барнома дар се сол, яъне то соли 2015 бояд иҷро шавад. Феълан 70 дарсади воҳидҳои (ягонҳои) низомии вазорати мудофиъа ва муассисоти вобаста ба он бо дурбинҳои назоратӣ муҷаҳҳаз шудаанд. То соли оянда мо ин барномаро комилан иҷро хоҳем кард".

Ахиран додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Усмон Ғайратов, пизишки ягони низомиеро, ки дар он Шаҳбол Мирзоев хидмат мекард, дар латукӯби вай муҷрим шинохта ва барои 9 сол равонаи зиндон кард.

Соҳибназарон тасмими давлати Тоҷикистон ба насби дурбинҳои мадорбаста дар ягонҳои низомиро гоме муҳим барои аз байн бурдани хушунат ва озор алайҳи сарбозон дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар арзёбӣ мекунанд.

Бавижа, баъд аз он ки ҳодисаи латукӯби Шаҳбол Мирзоев расонаӣ шуд, шуморе аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ дар фарохоне аз мақомоти тоҷик хоста буданд, ки меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва озору азияти сарбозон дар артишро аз миён бибаранд.

Би-би-сӣ