Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон, нафари гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро нашр кард. Дар ин навор гумонбар мегӯяд, ин воқеа субҳи 7 ноябр, ҳангоми ба кор рафтанаш, иттифоқ уфтоадаст.
“Шахсони номаълум омада бо ман салом карданд, онҳо чор нафар буданд. Ҳар чорашро бо корд задам. Ин кордро як моҳ пеш аз бозор харида будам,” – шоҳидӣ медиҳад ӯ дар навор.
Субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе (ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ) чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷруҳ карда аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд. Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр аз боздошти гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани ин чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дод ва гуфт, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб мебошад. Вазорат мегӯяд, як шарики ӯ дар кофтукоб қарор дорад.