Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2023 шумораи ҳолатҳои ҳуҷҷатгузоришудаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона коҳиш ёфт, вале ба ин нигоҳ накарда, ташкилотҳои аъзои Эътилоф фаъолияти худро идома дода, масъалаҳои озодӣ аз шиканҷаро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар амал пеш бурданд. Яке аз дастовардҳои муҳим дар пешбурди амалисозии қонунгузорӣ дар мавриди озодӣ аз шиканҷа - ин аз моҳи июли соли 2023 мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар он муқаррарот оид ба ҷуброни зарари маънавӣ аз рӯйи парвандаҳои шиканҷа пешбинӣ шудааст. Яке аз ҳолатҳои дигари мусбат 5-уми августи соли 2023 қабул шудани Стратегияи миллии ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2031 ва нақшаи аввалини чорабиниҳо оид ба татбиқи он мебошад.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk