Натиҷаҳои нимсолаи аввали 2025: Гурӯҳи расонаии Эътилофи зидди шиканҷа фаъолияти худро барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон идома медиҳад

Аз моҳи январ то июни соли 2025 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, маърифати ҳуқуқӣ ва мубориза бо шиканҷа корҳои назаррас анҷом дод.

Аз ҷумла, дар ин давра аз ҷониби Гурӯҳи расонаӣ 232 матлаби иттилоотию таҳлилӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ омода ва нашр шуд. Ҳамаи матолиб натиҷаи кори муштараки Гурӯҳи расонаии Эътилоф ва аъзои он буда, дар сомонаи расмии www.notorturetj.org ҷой дода шуда, инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд. Ба шарофати ин сомонаи Эътилоф як манбаи муҳими аввалиндараҷаи иттилооти объективӣ барои воситаҳои ахбори оммаи кишвар гардид, ки мунтазам матолиби Эътилофро иқтибос ва бознашр мекунанд.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Ҳуқуқшиносони узви Эътилоф бо сокинони шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияҳои тобеи марказ вохӯриҳои ройгон доир намуда, оид ба масъалаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, оилавӣ, шаҳрвандӣ ва манзилӣ ёрии ҳуқуқӣ расониданд.

Чорабиниҳои мазкур як қисми талошҳо барои густариши донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ буд.

Дар арафаи Рӯзи ҷавонон тренингҳои таълимӣ ва ҷаласаҳои онлайнӣ бо мақсади огоҳонидани ҷавонон дар бораи моҳияти манъи шиканҷа дар қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуданд. Ба иштирокдорон ҳуҷҷатҳои асосии СММ, аз ҷумла Конвенсияи зидди шиканҷа ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешниҳод карда шуданд.

Эътилоф инчунин маъракаи дастгирии қурбониёни шиканҷаро бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа баргузор кард. Давоми як моҳ аксияҳои оммавӣ, чорабиниҳои иттилоотӣ, муҳокимаҳои ошкоро, иқдомҳои ҳамрайъӣ ва ташаббусҳои ҳуқуқӣ гузаронидаву ба он равона гардиданд, то ба самъи аҳолӣ расонида шавад, ки шиканҷа дар ҳеҷ ҳолат қобили қабул нест. Бахши «Иқтибоси рўз» таваҷҷўҳи хосса пайдо кард, ки дар он гуфтаҳои пуртаъсири ходимони ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ки ба пурра барҳам додани шиканҷа даъват мекунанд, ҷой дода шуда буд.

Дар ҳамин давра аксияи «Шамъи рақамӣ» - иқдоми рамзии ҳамрайъӣ бо қурбониёни шиканҷа гузаронида шуд, ки дар он корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аватарҳои худро иваз карда, изҳори пуштибонӣ аз афроди хушунатро аз сар гузаронида намуданд. Шакли дигари иштирок дар маърака - ин лоиҳаи «Муколамаи хомӯшона» буд, ки дар он аъзои Эътилоф андешаҳои шахсии худро дар бораи он ки манъи шиканҷа барои онҳо чӣ маъно дорад, мубодила карданд.

Рӯзи 26-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар шаҳри Душанбе Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид, ки дар он ҳуқуқшиносони Эътилоф ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ёрии ройгони ҳуқуқӣ расониданд. Машваратҳо ба ҳуқуқҳои маҳбусон, хешовандони онҳо, ҳуқуқ ба ҳимоя ва дигар кафолатҳои мурофиавӣ дахл доштанд. Дар доираи ин чорабиниҳо барои сокинони пойтахт сессияи сайёри ҳуқуқӣ низ гузаронида шуд.

Ба кор бо далелҳо таваҷҷуҳи махсус дода шуд: карточкаҳои таҳлилӣ омода ва нашр шуданд, ки мизони мушкилоти шиканҷаро дар Тоҷикистон равшан нишон медиҳанд. Онҳо омор, сарнавишти қурбониён, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва тавсияҳоро дар бар мегирифтанд.

Дар моҳи июн оид ба ҳуқуқҳои инсон дар шакли онлайнӣ лексияву суҳбатҳо гузаронида шуданд. Иштирокдорон стандартҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, табодули таҷриба ва намунаҳои амалии корҳоро оид ба пешгирии муносибати бераҳмона таҳлил карданд.

NotortureTj