Натиҷаҳои нимсолаи аввали фаъолияти Эътилоф: кӯмаки ҳуқуқӣ, мониторингҳо, офиятбахшӣ ва бахши расонаӣ

Дар давраи нимсолаи аввали соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар пешбурди тавсияҳояш ҳангоми коркарди Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа, ки 24-уми январи соли 2019 қабул гардида буд, фаъолона иштирок намуд.

Эътилоф дар якҷоягӣ бо Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон гузориши худро дар мавриди татбиқи Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба Кумитаи ҳуқуқи инсон пешниҳод кард.

Аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилоф 20 муроҷиат оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ гардида, зиёда аз 72 машварат дода шуд. Аз рӯи 9 парвандаи нав оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва 4 парвандае, ки қаблан ҳуҷҷатгузорӣ гардида, аз ҷониби ҳуқуқшиносони Эътилоф аз солҳои қаблӣ пеш бурда мешаванд, дастгирии ҳуқуқӣ расонида шуд.

28 нафар - 13 шахсони нав ва 15 нафар ба таври такрорӣ офиятбахшӣ гузаштанд.

Аз ҷониби Гуруҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 7 боздид аз муассисаҳои пӯшидаву нимапӯшида сурат гирифт.

Аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 164 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 65 (варақаҳои иттилоотӣ - 4, таҳлил - 9, гӯшаи “Ман ҳомии ҳуқуқам!” - 9, гӯшаи “Назар” - 5, фоторепортаж - 4, матолиби иттилоотӣ - 34), бо забони тоҷикӣ 66 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 3, таҳлил - 8, гӯшаи “Ман ҳомии ҳуқуқам!” - 9, гӯшаи “Назар” - 8, фоторепортаж - 6, матолиби видео-аудиоӣ - 2, матолиби иттилоотӣ - 30) пахш карда шуда, 33 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 3, акс - 4, матолиби иттилоотӣ - 27) ба забони англисӣ баргардон карда шуданд.

1-2-юми феврали соли 2019 дар шаҳри Душанбе вохӯрии солонаи Эътилофи зидди шиканҷа гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ 44 аъзо ва шарикони Эътилоф иштирок карданд. Дар вохӯрии мазкур натиҷаҳои фаъолияти Эътилоф дар соли 2018, инчунин нақшаҳо барои оянда баррасӣ карда шуданд.

Дар давоми моҳи декабри соли 2018 - январи соли 2019 кор дар самти омодасозии гузориши солонаи Эътилоф барои соли 2018 идома дошт. Гузориш аз забони русӣ ба забонҳои тоҷикиву англисӣ баргардон ва дар торнамои Эътилоф бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) пахш карда шуд.

11-уми январи соли 2019 бо ташаббуси Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ баррасии намунаи ниҳоии Нақшаи миллии амал оид ба татбиқи тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа сурат гирифт.

13-15-уми май дар Алмаато конфронси минтақавии «Якҷоя барои адолат: таҷрибаи аъзои эътилофҳои ТҒД-и зидди шиканҷа аз давлатҳои Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава, Лаҳистон) ташкил карда шуда буд, бо иштироки намояндагони узви эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳимоятгарони ҳуқуқ аз Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрии серӯза иштирокдорони конфронс масоили минтақавӣ дар самти адолати судӣ ва озодӣ аз шиканҷаро баррасӣ намуда, бо дарназардошти таҷрибаи беҳтарини кори адвокатҳо, рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ табодули назар карда, инчунин самтҳои имконпазир барои ҳамкориҳои ояндаро ба баррасӣ гирифтанд.

Моҳи марти соли 2016 Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо дар симои Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» барои қабул шудан ба аъзогӣ дар «Шабакаи байналмилалӣ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа» (International Rehabilitation Council for Torture Victims (IRCT)) ариза дода буд, вале бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии корӣ посухи рад гирифт. Дар натиҷаи ба даст овардани таҷрибаи корӣ ва гузаронидани гуфтушунидҳои иловагӣ, моҳи майи соли 2019 ташкилот ба аъзогии IRCT пазируфта шуд. Аъзогӣ дар ин ташкилот барои ба даст овардани дастгирии моливу тахассусӣ, инчунин баҳри пешбурди баъзе масоили марбут ба офиятбахшӣ имконият фароҳам меорад.

NoTorture.Tj