Натиҷаҳои соли 2017: Гуруҳ оид ба мониторинг аз 10 муассисаи пӯшида дидан кард

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон: моҳи ноябри соли 2017 бо дастгирии коршиносии Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон банақшагирии стратегии фаъолияти гуруҳ барои солҳои 2018-2020 гузаронида шуд, ки дар доираи он гуруҳ афзалиятҳои худро муайян намуд.

Дар соли 2017 гуруҳ аз 10 муассисаи пӯшида дидан намуд: Маркази руҳии вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, колония дар ноҳияи Б. Ғафуров, муассисаи руҳии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи ислоҳотии занона дар шаҳри Норак, Маркази руҳиву равонии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Турсунзода, тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Ванҷи ВМКБ, «Беморхонаи марказии саломатии руҳии ВМКБ» дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Рӯдакӣ, тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ва СИЗО-и шаҳри Бохтар.

Намояндагони Эътилоф, умуман институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ барои санҷидани муроҷиатҳо оид ба нақз шудани ҳуқуқи инсон дар ин муассисаҳо дастрасӣ надоранд. Айни замон ҳангоми ворид шудани иттилоъ роҳбари гуруҳ оид ба мониторинг дар бораи гузаронидани санҷиш ба унвонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва намояндаи Прокуратураи генералӣ мактуб ирсол мекунад.

Дар соли 2017 се иттилоъ аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа ворид шудааст, аммо дар натиҷа ягонто аз шикоятҳо тасдиқ нашуд.

Аз соли 2015 ҳамаи боздидҳои Гуруҳ бе огоҳонии пешакӣ гузаронида мешаванд, имконияти гузаронидани суҳбати махфӣ бо нафарони дар муассисаҳои пӯшида нигоҳдоришаванда вуҷуд дорад. Дар ин марҳила аъзои гуруҳ оид ба мониторинг сатҳи болоравии боварӣ ба кори гуруҳро чун аз ҷониби шахсони дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ нигаҳдоришаванда, ҳамчунин аз ҷониби бахши бақайдгирии ин муассисаҳо наззора мекунанд. Дар натиҷаи боздидҳо беҳтаршавии шароитҳои санитарӣ - гигиенӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва муносибати ашхос/кормандони муассисаҳо нисбати нафароне, ки дар ин муассисаҳо нигаҳдорӣ мешаванд, назорат карда мешавад.

Ҳамзамон, аъзои гуруҳ оид ба мониторинг на дар ҳамаи муассисаҳо ба ҳуҷҷатҳои дохилӣ дастрасӣ доранд, маҳдудияти шумораи кормандони ВҲИ дар ҳайати гуруҳ оид ба мониторинг барои боздиди бештари муассисаҳо халал мерасонад, ҳоло ҳам имконияти дастрасӣ ба муассисаҳои пӯшида барои санҷидани шикоятҳои воридшуда вуҷуд надорад, аз ҷумла, барои боздид аз СИЗО-и КДАМ, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар имконият мавҷуд нест.

Дар соли 2017 Ислоҳоти байналмилалии зиндонҳо (PRI) ба гуруҳ оид ба мониторинг барои гузаронидани мониторинг дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ 5 асбобро ба таври ройгон пешниҳод намуд, ки ба онҳо дастгоҳҳо барои санҷидани намнокӣ ва ҳарорати бино, чен кардани ҳуҷраҳо/камераҳо ва дастгоҳи аккосӣ дохил мешаванд.

NoTorture.Tj