Натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

Муаррифии гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон 15-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат меварзанд.

Мониторинги мазкур дар соли 2014 аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гузаронида шудааст.

Муаррифии натоиҷи онро Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният бо дастгирии Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон доир мекунад. Ба ҳайси муаррифгарони мониторинг кормандони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, намояндагони Эътилоф ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба рафти мониторинг ва натоиҷи он, баррасии гузориши пешакӣ ва дарёфти тавсияву пешниҳодоти иштирокдорони ҳамоиш мебошад.

Нишасти мазкур рӯзи 15-уми сентябри соли 2014, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ баргузор мешавад. Нишонӣ: ш.Душанбе, кӯчаи Ҷалол Икромӣ 7 (дар қафои Толори синамои "Ҷомӣ"). Оғози бақайдгирии иштирокдорон - соати 9.30.

NoTorture.Tj