Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони сокини дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ ҳалокшуда Шамсиддин Зайдуллоев ва адвокати онҳо Саймумин Кабиров мегӯянд, ҷавон бар асари лату кӯбу шиканҷа ба ҳалокат расидаааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи натиҷаҳои расмии ташхиси судиву тиббӣ, ӯ дар натиҷаи бемории варами шуши дутарафа ҳалок шудааст.
Адвокат Саймумин Кабиров, ки хизматгузориаш аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки волидони фавтида ба натиҷаи ташхиси дар боло зикршуда розӣ нашуда, дархост кардаанд, ки ташхиси комиссиявии судиву тиббӣ гузаронида шавад, зеро Шамсиддин қаблан аз ҳеҷ беморие шикоят намекард.
«Ғайр аз ин, чанд соат қабл аз марг ӯро кормандони АНМН ба бемористони «Ёрии таъҷилӣ» оварда, табибони он ҷо дар ӯ ягон аломати бемории шушро ошкор накардаанд. Табибони қисми тиббии АНМН низ ӯро муоина карда, солимии ӯро тасдиқ кардаанд ва дар ин бора қайди зарурӣ ҳам вуҷуд дорад», - гуфт адвокат.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 14 май Прокуратураи генералии ҶТ ташхиси комиссиявии судиву тиббиро таъин кардааст, ки ба ҳайати он намояндагони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ, Вазорати тандурустӣ ва мудофиа шомил шудаанд. «Рӯзи 27 май дар ҳузури ман ҷасади Шамсиддин Зайдуллоев барои ташхиси дубора аз макони дафн (гӯр) берун оварда шуд (эксгуматсия карда шуд). Натиҷаҳои ин ташхисро ахири моҳи июн интизорем», - иброз дошт адвокат.
Бо дархости Мамараҷаб Одинаев, адвокати волидони марҳум аз 4 май, аз Маркази ҷумҳуриявии табобати бемориҳои нашъамандии ба номи М.Ғуломов посух гирифта шудааст, ки тибқи он Шамсиддин Зайдуллоев аз 9 апрели соли 2015 дар қайди ин марказ меистодааст. «Яъне дар ин муассиса ӯ баъди рӯзи дуюми аз ҷониби кормандони АНМН боздошт шуданаш ба қайд гузошта шудааст. Аз ин бармеояд, ки қаблан ӯ дар қайди ин марказ набудааст», - мегӯяд адвокат.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи апрели соли равон, прокуратураи генералии Тоҷикистон аз рӯи далели марги сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев тибқи аломатҳои қ.3, моддаи 143, дараҷ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки сокини 25-солаи шаҳри Душанбе Шамсиддин Зайдуллоев, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда буд, пас аз чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти ҶТ ба ҳалокат расид.Наздикони ҷавон бар ин назаранд, ки ӯ бар асари лату кӯб ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳамин ҳол, АНМН даст доштани кормандони Агентӣ дар марги Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, сокини пойтахтро рад карда буд.
Cомонаи хабаргузории TojNews дар ин робита бо Тоҷиннисо Каримова, модари Шамсиддин Зайдуллоев мусоҳиба орост, ки қобили таваҷҷуҳ аст.