Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Наздикони Умедҷон Тоҷиев, ки гӯё аз ошёнаи 3-юми шӯъбаи корҳои дохилии Исфара худро партофтааст, мегӯянд, ҳоло ҳам ба дидори вай даст наёфтаанд ва ҳам намедонанд, вазъи саломатияш чигуна аст.
Файзиниссо Воҳидова, вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 2-юми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз ба беморхона овардани Умедҷон Тоҷиев, кормандони мақомоти қудратӣ ин беморхонаро иҳота кардаанд ва намегузоранд, касе аз наздикони вай ба онҷо роҳ ёбанд.
Ба гуфти Файзиниссо Воҳидова, ҳатто дар бораи зинда ё мурда будани Умедҷон Тоҷиев, ки дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона будааст, маълумотнома дода намешавад.
Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзи 30-юми октябр аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷурми "терроризм" боздошт шуда, дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара нигаҳдорӣ мешудааст. Рӯзи 2-юми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр меоранд ва мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошиёнаи сеюми ШКД партофтааст.
Вале наздикон ва вакили дифоъаш ба ин иддаои мақомот боварӣ надоранд. Наздикони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, шояд бо сабаи узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон будан аз тарафи мақомот боздошт шуда бошад.
Ҳамчунин ба гуфтаи наздикони Умедҷон Тоҷиев, ҳамсараш Тоҳирахон Тоҷиева баъд аз оне, ки бо дархости мақомот ҳуҷҷатҳои шавҳарашро рӯзи 2-юми ноябр ба мақомот меорад, дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.
Асадулло Ҷабборов, яке аз наздикони Умедҷон Тоҷиев, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ғайр аз Умедҷон Тоҷиев, ҳамчунин 3 нафари дигар аз хешовандони онҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилии ин шаҳр боздошт шудаанд ва сабаби боздошташон то ҳол ба онҳо муайян нашудааст. Асадулло Ҷабборов узви ҳизби наҳзат будани Умедҷон Тоҷиевро таъйид карда ва гуфт, соли 2009 ҳам Умедҷон Тоҷиевро мақомот боздошт карда буданд, вале бо қарори додситонӣ бегуноҳии вай исбот шудааст ва ба озодӣ баромадааст.
Асадулло Ҷабборов гуфт, ки онҳо кӯшиш кардаанд, то аз вазъи саломатии Умедҷон Тоҷиев хабаре пайдо кунанд, вале кормандони мақомот ба онҳо монеа шудаанд. Ҳатто модари Тоҷиевро нагузоштаанд, аз аҳволи фарзандаш хабар гирад. Мақомот гуфтаанд, танҳо пас аз ба худ омадани Умедҷон ба ин кор иҷозат медиҳанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ то ҳол дар ин бора иттилои расмие надодаанд.