Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Созмони Афви Байналмилал (АБ), аз созмонҳои муътабари дифоъи ҳуқуқи башар бо интишори баёнияе аз рабуда шудани паноҳҷӯи тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда ва хостори таҳқиқи ин қазия аз суи мақомоти Русия шудааст.
Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки Исмон Азимов, аз маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон дар вилояти Твери Русия рабуда шудааст. Ин созмон мегӯяд бими он меравад, ки ин паноҳҷӯи тоҷикистонӣ ба сурати ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон мунтақил шавад ва дар он ҷо бо хатари шиканҷа ва муҳокимаи ғайримунсифона рӯбарӯ шавад.
Ба навиштаи Афви Байналмилал (Amnesty International) субҳи рӯзи 3 декабр панҷ фарди ношинос, ки ду нафари аз онҳо либоси пулис ба тан доштанд, ба маркази нигаҳдории муҳоҷирон дар вилояти Твер омадаанд. Онҳо ба зани корманди ин марказ гуфтаанд аз идораи пулис ҳастанд ва ба ӯ амр кардаанд иҷозат диҳад вориди сохтмони ин марказ шаванд.
Онҳо бо тавассул ба зӯр Исмон Азимовро аз утоқаш берун карда ва ӯро савори мошини навъи Ҷип бо худ бурдаанд.
Масъулони ин марказ идораи пулис, Хадамоти федероли муҳоҷират ва Сервиси федероли иттилоъоти Русияро дар ҷарёни ин қазия гузоштаанд.
Гуфта мешавад таҳқиқоти ин қазия оғоз шудааст. Ба намояндагони оқои Азимов ҳам дар ин бора хабар дода шудааст.
Исмон Азимов аз Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо хостааст монеъи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон шавад. Ин додгоҳ ба торихи 18 апрел эълом дошт, ки истирдоди оқои Азимов нақзи банди савуми Кунвенсиюни ҳуқуқи башари Урупо хоҳад буд.
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) мегӯяд Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо пас аз дарёфти иттилоъ дар бораи рабуда шудани оқои Азимов бо тамосҳои телефунӣ ва ирсоли фокс ба намояндаи Русия дар Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо ва раиси Хадамоти марзбонии Русия хостори иқдомоти фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии оқои Азимов ба Тоҷикистон шудааст.
Ба гуфтаи ин созмон то кунун наздикони ин паноҳҷӯи тоҷикистонӣ аз пешрафте дар ҷустуҷӯи ӯ хабар дарёфт накардаанд ва маҳалли будубоши оқои Азимов ҳанӯз рӯшан нест.
Ин созмон аз афрод ва созмонҳои алоқаманд хостааст ба сурати оҷил бо ирсоли номаҳо ба забонҳои русӣ ва забонҳои худ аз мақомоти Русия бихоҳанд мавзуъи рабуда шудани Исмон Азимовро бетарафона, муассирона ва ба сурати муносиб таҳқиқ кунанд.
Ба ин мақомот бигӯянд, ки аз зиндагӣ ва эмании оқои Азимов нигаронанд, ки дар сурати интиқол ба Тоҷикистон ӯ бо шиканҷа, муҳокимаи ғайримунсифона ва ашколи дигари нақзи ҳуқуқи башар рӯбарӯ хоҳад шуд.
Аз мақомоти Русия бихоҳанд итминон бидиҳанд, ки рабояндагони оқои Азимов ӯро наметавонанд ба таври қочоқӣ аз марз интиқол бидиҳанд.
Ба мақомоти Русия ёдовар шаванд, ки бар асоси тааҳудоташон дар бораи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ҳақ надоранд ҳиҷ фардеро ба кишваре, ки ӯ дар он ҷо бо хатари шиканҷа ва анвоъи дигари бадрафторӣ мувоҷеҳ аст, истирдод кунанд.
Ин созмон афзудааст, ки мақомоти Тоҷикистон оқои Азимовро ба узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон муттаҳам мекунанд.
Онҳо аз Русия хостаанд ба далели иртибот бо омӯзишҳои низомӣ ва фаъъолиятҳои таблиғотии Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар моҳи октябри соли 2007 ӯро ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Ин созмон мегӯяд заминаҳое дол бар ин бовар вуҷуд дорад, ки ин иттиҳомот метавонад дорои ангезаи сиёсӣ бошад.
Оқои Азимов моҳи ноябри соли 2010 дар Русия боздошт шуд. Ӯ пас аз боздошт аз Русия тақозои паноҳандагӣ кард, аммо тақозои ӯ рад шуд.
Аз он замон то кунун ӯ аз роҳҳои қонунӣ талош дошта имкони истирдодаш аз Русия мунтафӣ шавад.
Моҳи ноябри соли 2003 Додгоҳи урупоии ҳуқуқи башар дастури анҷоми тадобири муваққатеро содир кард, ки бар мабнои онҳо мавзуъи истирдоди оқои Азимов ба далели таҳқиқи ҳамаҷонибаи дархости паноҳандагии ӯ ба таъвиқ гузошта шуд ва ӯ дар маркази муҳоҷирон боқӣ монд.
АБ мегӯяд гузоришҳоеро дар ихтиёр дорад, ки тайи ин замон нерӯҳои амниятӣ бо оқои Азимов дидор кардаанд ва ба ӯ фишор ворид кардаанд, ки ба сурати "ихтиёрӣ" ба Тоҷикистон баргардад. Ба гуфтаи АБ дар ин дидорҳо онҳо аз ӯ акс гирифтаанд, эҳтимолан ин аксҳо барои таҳияи асноди сафар гирифта шудаанд, зеро оқои Азимов шиноснома надоштааст. Аммо гуфта мешавад оқои Азимов бозгашти "ихтиёриро" рад кардааст.
Афви Байналмилал (Amnesty International) менависад моҳи ноябри соли 2012 иттилоъ ёфта, ки мақомоти Русия мехоҳанд ӯро аз маркази нигаҳдории муҳоҷирон озод кунанд ва дар пайи ин хабар ин созмон ва созмонҳои ғайридавлатии Русия монеъи озодии ӯ аз ин марказ шудаанд, зеро дар ин сурат ӯ бо хатари рабуда шудан ва интиқоли иҷборӣ ба Тоҷикистон рӯбарӯ мешуд. Дар ниҳоят мақомот оқои Азимовро дар маркази нигаҳдории муҳоҷирон мондаанд.
Созмони Афви Байналмилал мегӯяд ин созмон ба сурати пайиҳам дар бораи рабуда шудан ва интиқоли иҷбории паноҳҷӯёни тоҷикистонӣ аз Русия ба Тоҷикистон гузориш дарёфт кардааст ва аз ин бобат нигарон аст.
Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар қазияҳои Савридддин Ҷӯраев ва Низомхон Ҷӯраевро мисол меоварад.
Савриддин Ҷӯраев 20 майи соли 2011 аз боздоштгоҳ озод шуд ва бар асоси гузоришҳо рӯзи 31 октябри соли 2011 рабуда шуд ва 1 ноябр ӯ аз фурудгоҳи Маскав ба Тоҷикистон парвоз кард, дар ҳоле ки шиноснома надошт ва танҳо санади муваққати паноҳҷӯӣ дошт.
Ӯ моҳи арпрели соли 2013 ба 26 соли зиндон муттаҳам шуд, агарчи ӯ исрор кардааст, ки бегуноҳ аст. Гузориш шудааст, ки ба ҳангоми боздошт ӯ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтааст.
Низомхон Ҷӯраев низ пас аз раҳоӣ аз боздошт рӯзи 29 марти соли 2012 нопадид шуд ва рӯзе баъд сар аз Душанбе даровард, дар ҳоле ки Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо машғули баррасии қазия паноҳандагии ӯ буд. Анна Савитская, вакили мудофеъи ӯ гуфтааст, ки дар мавриди бозгшти ихтиёрии муваккилааш ба Тоҷикистон шак дорад ва афзудааст шиносномаи оқои Ҷӯраев дар дасти вакилаш аст.
Ин созмони ҳуқуқибашарӣ мегӯяд Русия муваззаф аст ба тааҳҳудоти байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи башар эҳтиром бигзорад. Худдорӣ аз истирдоди афрод ба кишварҳое, ки дар он ҷо имкони шиканҷа ва бадрафторӣ вуҷуд дорад, бахше аз ин таааҳҳудот аст.